Ҳаққонӣ: Баста шудани мактабҳои духтарона ҳамешагӣ нест

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузаштан ба хазинаи аксУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як узви аршади толибон мегӯяд, ки баста мондани мактабҳои духтарона дар Афғонистон ҳамешагӣ нахоҳад буд ва дар оянда ҳатман дубора ифтитоҳ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, узви баландпояи ҳукумати толибон дар гуфтугӯи вижа бо “TOLOnews” гуфт, ки пас аз расидаигӣ ба бархе аз корҳо, аморати исломӣ ин мушкилро аз миён хоҳад бардошт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ин ҷо як низом аст ва усулу асосот дорад. Ман умед дорам, ин масаъала, ки бакайфият аст ё ба тарзуламал, ҳар чӣ, ки боқмонда, ҳал мешавад. Қисми дигари масоил ҳам боқӣ мондааст. Аммо масоил ин гуна нест, ки доимӣ бошад ё нима боқӣ монад, тамоми он ҳал хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки бастаи мондани мактабҳои духтарона дар як соли пасин яке аз нигаронӣҳои ҷаддӣ дар даруну берун аз Афғонистон будааст.
Женщины в бурках во время раздачи продуктов в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Созмони Афви Байналмилал: Зиндагии занони Афғонистон зери султаи толибон вайрон шудааст
Бо он ки ҳамвора ваъда барои бозгушоии мактабҳо аз сӯии аъзои баландпоя толибон дода шудаанд, аммо то кунун ин ваъдаҳо амалӣ нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш созмони Афви Байналмилал гузориш дода буд, ки зиндагии занони Афғонистон зери султаи толибон вайрон шудааст.
Бар асоси ин гузориш, занон дар посух ба эътирозоти мусолиматомез барои барқарории ҳуқуқашон бо мавҷе аз озору азият, боздоштҳои худсарона, нопдидшудан, шиканҷаҳои ҷисмӣ ва равонӣ аз сӯии толибон рӯ ба рӯ шудаанд.
Ёфтаҳои Созмони Афви Байналмилал нишон медиҳад, ки нархи издивоҷи кӯдакон ва издивоҷҳои иҷборӣ дар Афғонистони зери султаи толибон дар ҳол афзоиш аст.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Таҳдиди ба ҳамсояҳо: шумораи даҳшатноки террористон дар Афғонистон ошкор шуд
Агнес Комолор, дабири кули афви байналмилал бо ибрози нигаронӣ аз саркуби хафақоновари занон Афғонистон гуфтааст: "сиёсатҳои сахтгиронаи толибон миллионҳо занону духтаронро аз ҳақи доштани зиндагии амну озод маҳрум мекунад".
Ба гуфта дабири кулли САБ, сиёсати саркуби толибон тақрибан ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии занони Афғонистонро фаро гирифтааст.
Афви байналмилал аз давлатҳои узви созмони милал хостааст, ки ҳарчӣ зудтар стротежии қавӣ ва ҳамоҳангро барои ҳимоят аз занони афғон эҷод кунанд.
Лентаи хабарҳо
0