Хушбахтии кӯдакон дар оғози соли хонишу саргардонии волидайн барои либосхарӣ - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Наздик шудани соли нави таҳсил нигаронӣ дар ҷомеаро афзуда, аксари волидайни талабаву толибаҳои макотиби ҳамагониро ба ташвиш водор кардааст
Соли 2007 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани либоси тавсиявии мактабӣ қарор қабул намуд. Масъулони маориф татбиқи ин муқарраротро ба таъмини баробарии иҷтимоӣ дар намуди зоҳирии хонандагони макотиб рабт додаанд.
Аз замони ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ 15 сол сипарӣ мешавад. Аммо пурсишҳои сарироҳӣ собит мекунанд, ки шуморе аз волидон аз ин муқаррарот ҷонибдорӣ мекунанд, вале бархеи дигар дар бораи нархи гарони либосҳое, ки мактаб барои истеҳсоли онҳо коргоҳҳо шартнома бастааст, изҳор мекунанд.
Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Суғд, дар соли хониши як соли қабл дар ҳудуди вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъол буд, ки дар онҳо 579 ҳазору 504 хонанда таҳсил намудаанд.
Либоси ягонаи мактабӣ. Баъзе волидайн аз нархи баланд мегӯянду бархеи дигар аз баробарӣ
Ин шумора дар муқоиса ба соли хониши 2020 - 2021, 6 муассисаи таълимӣ бо шумораи 14 271 нафар зиёд будааст.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 шумори хонандаҳо ва теъдоди макотиб аз рақамҳои болоӣ боз ҳам зиёд мешавад.
То шурӯъи таҳсил ҳамаи макотиб либоси ягона фармоиш медиҳанд ва волидон музаффанд, ки аз ҷойҳои таъйиншуда онҳоро хариддорӣ кунанд.
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд 1 сентябр дари худро ба рӯи толибилмон боз мекунад - акс
Дар ҳудуди вилоят 60 адад сехҳои истеҳсолӣ фаъоланд, ки ба духтани либоси мактабӣ машғуланд.
Баъзе коршиносон таъкид меварзанд, ки агар коргоҳҳои истеҳсолӣ дар вақти таҳияи либоси мактабӣ аз матоъи хубу босифат истифода кунанд, ба нафъи иқтисодии волидон хоҳад буд. Аммо масъулини сехҳои истеҳсолӣ мегуянд, дар чунин ҳолат нархи либоси таҳияшаванда ба маротиб тағйир меёбад, ки на ҳамаи волидон имкони бо он нарх харидани либоси мактабиро пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0