Шарҳи КҲФ дар мавриди бархӯрди маргбори автобусу мошини газбар дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

© Sputnik / Сергей ЕщенкоДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар пайи бархӯрди маргбори мошини ҳомили газ ва автобус дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир маҳдуд шудааст
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Ҳадди ақал 2 нафар бар асари бархӯрди мошини газбар бо автобус дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба иттилои пешакӣ хабар доданд. Мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон дар ин ниҳод аз қурбониёни садама ронандаи нақлиёти интиқолдиҳандаи газ ва мусофири автобус ном бурд.
"Ҳоло наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, оқибатҳои садамаро бартараф мекунанд. Тафсилоти бештар баъдан ироа хоҳад шуд", - таъкид намуд манбаъ.
Ширкати роҳбон - IRS ахиран иттилоъ дод, ки ҳодисаи мазкур да р километри 46- уми роҳи Душанбе - Чаноқ рух дода, дар натиҷа нақлиёти газбар таркидаст.
Таъкид шудааст, таркиш бар асари садама, бинобар аз кор баромадани тормози мошини боркаш рух додааст.
Газовоз на месте происшествия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Таркиш ва роҳбандӣ дар масири Душанбе - Чаноқ: шарҳи IRS
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Чаноқ мебошад, эълон кардааст, ки феълан ҳаракат дар ин самт масдуд шудааст.
Манбаъ афзуд, ки тафсилоти бештар ва иттилоъ дар мавриди азсаргирии ҳаракат ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0