Идомаи гармо: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мавсими гармо дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар шаҳри Душанбе то 34 дараҷа, дар Хатлон то 35, Суғд то 29 дараҷа ва ВМКБ то 28 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд, хабар дод "Ховар" аз қавли Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон низ ҳав тағйирёбандаи бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво салқинтар шуда, шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳам ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш интизор буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавошиносон афзуданд, ки дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат шабона 11+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0