Русия аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки ба ташаннуҷи вазъ роҳ надиҳанд

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия аз мақомоти Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки аз идомаи муташанниҷ кардани вазъ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Русия аз Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки низоми оташбасро тибқи изҳороти роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар соли 2020 риоя ва аз ташаннуҷи вазъ дар минтақа худдорӣ намоянд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин бора дар сомонаи расмии худ изҳороти расмӣ нашр кардааст.
Шаби сешанбе дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташдиди вазъ муттаҳам мекунанд.
Ереван даъво дорад, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.
Исполняющий обязанности премьер-министра Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Пашинян вазъ дар марз ва талафоти Арманистонро баён дошт
Минтақаҳои сарҳадӣ — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик карданд ва даргирӣ сурат гирифт.
Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро дар он муттаҳам кард, ки ин кишвар мехоҳад ба раванди сулҳ мушкили эҷод кунад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафоти низомиёни худ хабар доданд.
“Мо аз ҷонибҳоро даъват мекунем, ки аз ташннуҷи вазъ худдорӣ кунанд ва оташбасро тибқи изҳороти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон аз 9 ноябри соли 2020, 11 январ ва 26 ноябри соли 2021 қатъиян риоя кунанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Илова бар ин, ВУХ таъкид кардааст, ки Русия аз таншаннуҷи вазъ дар манотиқи алоҳидаи марзии Арманистону Озарбойҷон, ки шаби 13 сентябр рух додааст изҳори нигаронии шадид мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Русия дарёфти муроҷиати Арманистонро дар бораи созиш дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар марз таъйид кард.
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард
"Мо бо Боку ва Ереван тамоси домӣ дорем. Мо аз раҳбарияти Арманистон дархости мусоидат ба ҳалли вазъ дар асоси тавофуқоти мавҷудаи дуҷониба ва тавассути СПАД дарёфт кардем. Умедворем, ки тавофуқе дар натиҷаи миёнаравии Русия барои оташбас аз соати 9:00 рӯзи 13 сентябри соли равон ба вақти Маскав ҳосил шуд, пурра иҷро хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.
"Мо идома медиҳем, ки ҳама масъалаҳои баҳсбарангези Арманистон ва Озарбойҷон бояд танҳо тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва дар мавриди масъалаҳои марзӣ дар чаҳорчӯби кори Комиссияи дуҷониба дар бораи аломатгузории марзҳо Арманистону Озарбойҷон ва кумаки машваратии бо кумаки машваратии Русия, ҳал карда шаванд”, - таъкид кардааст ВУХ-и Русия.
Лентаи хабарҳо
0