Ҷалби сокинон ба таъмини тозагӣ дар Душанбе

© Пресс-служба ЦВОЖены и дети военнослужащих приняли участие в экологической акции по уборке мусора в Парке Победы города Душанбе
Жены и дети военнослужащих приняли участие в экологической акции по уборке мусора в Парке Победы города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе эълон дошт, ки барои таъмини тозагӣ ҷалби сокинони шаҳраку маҳаллаҳоро идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли равон бо иштироки сокинони Душанбе 36 маротиба иқдоми "Тозагии соҳил" ва 29 маротиба "Тозагии маҳал" гузаронида шудааст.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, Абдусалим Қурбоновки ба хабаругзории "Ховар" иттилоъ додаст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин чорабиниҳо тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, назди биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту идораҳо ва вазоратҳо мебошад.
Ремонт дорог в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Бо кӯмаки мардум ҳудуди 100 километр роҳи Хуҷанд – Ашт таъмир мешавад
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни баргузории 36 ташаббуси экологии "Тозагии соҳил", беш аз 35 километр соҳили дарёи Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Говкуш, Чортут, Канали калони Ҳисор, Оқ-қурғон тоза карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳазорҳо метри мукааб партовҳои гуногун дар доираи ин чорабиниҳо хабар дода шуд.
Таъкид гардидаст, ки таваҷҷуҳи махсус ба тоза кардани маҳаллаҳое дода мешавад, ки ахиран ба ҳудуди пойтахт ворид гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарҳади шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7,6 ҳазор гектар афзоиш ёфта, 20,3 ҳазор гектар расид.
Лентаи хабарҳо
0