Тоқаев даъват кард, ки нишасти МҲТБО ба нафъи молии ҳама табдил ёбад

© Пресс-служба президента Казахстана / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Казахстан
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба шарофати иқтидори марказҳои бузурги молиявӣ, ки дар минтақаи МҲТБО фаъолият мекунанд, вазифаҳои ба миён гузоштаи саммитро ҳал кардан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳамоиши молиявии МҲТБО бояд як платформаи доимӣ гардад.
Ин пешниҳодро Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона баён дошт.
Ҳамоиши шашуми МҲТБО рӯзи 13 октябр дар пойтахти Қазоқистон ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узв ширкат доранд.
"Пешниҳод мекунам, ки нишасти молии МҲТБО ба як платформаи доимӣ табдил дода шавад. Ҳамоиши молӣ бо ибтикори Чин ба манзури фаъолсозии ҳамкориҳои кишварҳои узви МҲТБО дар арсаи молия сурат гирифтааст", — гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Қазоқистон, чунин тағйирот ба нишасти молӣ барои барқарор ва рушди иқтисоди кишварҳои ширкаткунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои молии минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар чаҳорчӯби ин нишаст мусоидат мекунад.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Даъвати Тоқаев аз кишварҳои Осиё барои муколамаи ошкоро
"Марказҳои бузурги молиявӣ дар фазои МҲТБО, дар Шанхай, Дубай ва инҷо дар Остона бомуваффақият фаъолият мекунанд. Иқтидори онҳо метавонад барои ҳалли вазифаҳои зикршуда пурра истифода шавад", - қайд кард роҳбари Қазоқистон.
Тоқаев ҳамчунин таъкид кард, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) нақша дорад, ки барои рушди он ҳама корҳоро анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0