Путин дар бораи механизми ҳалли низоъҳо миёни кишварҳои ИДМ сухан гуфт

© Konstantin Zavrazhin/POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на VI саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, Астана
Президент РФ Владимир Путин на VI саммите Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии, Астана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия даъват кард, ки барои пайдо кардани роҳи раҳоӣ аз танишҳо миёни кишварҳои аъзои созмон талоши ҷиддӣ бояд кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Кишварҳои ИДМ бояд кӯшиш кунанд, ки роҳи раҳоӣ аз вазъҳои муноқишаро “то ҳадди имкон” ҷустуҷӯ кунанд.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Остона ҷараён дорад, изҳор дошт, менависад РИА Новости.
Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ вай дар бораи ихтилофот дар фазои пасошӯравӣ изҳори назар кард.
"Албатта, бо тамоми ҳамкориҳои мусбат дар доираи ИДМ бояд дарк кард, ки мутаассифона, ихтилофҳо ва низоъҳо баъзан ба миён меоянд... Албатта, мо бояд барои роҳи раҳоӣ аз вазъияти кунунӣ дар ҳар куҷое, ки ба миён ояд, кӯшиш кунем. Иродаи нек. , ба назари ман, ҳама дорад, мо бояд аз ин иродаи нек ба ҳадди аксар истифода кунем”,- гуфт ӯ.
Встреча Путина с Рахмоном и Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар бораи баҳсҳои марзӣ ба чӣ тавофуқ расиданд?
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ин нишаст раисиҷумҳури Русия ибтикори мулоқот бо президенти Қирғизистону Тоҷикистон Садир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он масъалаҳои мубрами марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ӯ ҳамзамон аз раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон хост, ки барои ҳалли муноқишаи марзияшон сари мизи музокирот нишинанд.
Путин афзуд, ки дар ниҳояти кор ширкаткунандагон ҳадафи таъсиси як иттиҳодияи ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башариро дар заминаи ИДМ доранд.
Лентаи хабарҳо
0