Боришот ҳанӯз дар назар нест: ҳаво дар Тоҷикистон чун хоҳад буд?

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон мавсими гармо идома дошта, ҳарорат дар Хатлон то 30 дараҷа, дар Душанбе, Суғд ва навоҳии тобеи маркз то 29 ва дар ВМКБ то 22 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
"Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавои Душанбе низ камабри бебориш буда, ҳарорат шабона 10+12 ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад, таъкид намудаанд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0