Қатъи обрасонӣ дар Душанбе: чиро бояд донист

© PixabayКран в ванной комнате, архивное фото
Кран в ванной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба сокинони Душанбе хотиррасон карда шуд, ки бинобар таъмири нақшавӣ барои як рӯз захира кардани об зарур аст, ки якчанд навоҳии калони пойтахтро фаро мегиранд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ барои як рӯз қатъ мешавад, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.
Мақомоти шаҳрдорӣ ёдовар шуданд, ки аз соати 23:00 бегоҳи 19 октябр то 24:00 20 октябр дар баъзе маҳаллаҳо об қатъ карда мешавад.
Ин кор барои таъмиру васли таҷҳизот дар пойгоҳҳои обкашии "Кофирниҳон" анҷом дода мешавад. Ҳамин тавр, обрасонӣ қатъ мешавад:
дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Хосилот, Алачабоф, Ором, Чодиён, Маърифат, Крупская-1, 2;
дар микрорайонхои 61, 63, 64, 65, 191, 192 ва 193;
дар кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддин, М.Назаршоев, Қаратегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Тепаҳои Шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Коргар, Зафар, С.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, Бинокорон;
дар хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД "Роҳи оҳан" то бинои Корхонаи воҳиди давлатии меҳмонхонаи "Душанбе";
дар қисми кӯчаи С.Айнӣ то Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе",
дар Комбинати чӯбу тахтаи ноҳияи Шохмансур.
Шаҳрдорӣ аз сокинон дархост мекунад, ки барои як рӯз миқдори зарурии оби ошомиданӣ захира кунанд.
Отключение воды в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Дар кадом кӯчаҳои Душанбе обрасонӣ қатъ мегардад?
Илова бар ин, тибқи фармони раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба раисони навоҳии пойтахт ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" супориш дода шуд, ки дар давоми корҳои пешбинишуда сокинонро бо оби нӯшокӣ бо истифода аз обкашонӣ таъмин намоянд. .
Лентаи хабарҳо
0