Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкОбращение президента РФ В. Путина к участникам II Форума межрегионального сотрудничества России и Узбекистана
Обращение президента РФ В. Путина к участникам II Форума межрегионального сотрудничества России и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, Украина аз ҳама гуна музокира бо кишвараш даст кашид ва Киев тирборон кардани қаламрави Русияро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Украина аз музокира даст кашид ва тирборони қаламрави Русияро идома медиҳад, гуфт Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои Амният.
"Режими Киев, тавре медонед, аз эътирофи ирода ва интихоби мардум худдорӣ кард, ҳама гуна пешниҳодҳо барои музокиротро рад кард. Баръакс, тирборонро идома медиҳад, ки дар он ғайринизомиён кушта мешаванд", - гуфт Владимир Путин.
Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки сокинони ҷумҳуриҳои Донбасс, вилоятҳои Запорожие ва Херсон майлу хоҳиши худро дар ҳайати Русия ба таври равшан нишон доданд.
Мақомоти Украина талош дорад, ки ба ин вокуниш кунанд, ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ идома медиҳад.
“Тахрибкорӣ дар иншооти ҳаётан муҳим, сӯиқасд ба ҷони намояндагони мақомоти маҳаллӣ. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки гурӯҳҳои ҷиноӣӣ пинҳонӣ ба вуҷуд меоранд, ба қаламрави мо гурӯҳҳои тахрибкор мефиристанд”, - қайд кард сарвари давлат.
Путин ба таркиш дар пули Қрим, ки аз ҷониби хадамоти вижаи Украина ташкил шудааст, ишора кард ва гуфт, Русия тавонистааст аз дигар ҳамлаҳои террористии тарҳрезишудаи Киев пешгирӣ кунад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с президентом Индонезии Дж. Видодо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин: Сиёсати муҳоҷиратро бояд тағйир дод
Путин таъкид кард, ки дар баробари ин Украина барои ҳамлаҳо ҷойҳои серодам, иншооти нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои ҳастаиро интихоб кардааст.
30 сентябр президенти Русия Владимир Путин дар Кремл созишномаҳо дар бораи қабули ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск, вилоятҳои Запорожие ва Херсонро ба ҳайати Русия имзо кард.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад.
Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
VI Саммит Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Эълони ҳолати ҳарбӣ дар 4 субъекти нави Русия
Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад.
Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0