Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкДжек Фауст Мэтлок
Джек Фауст Мэтлок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Киев бояд аз даъвоҳои худ ба қаламравҳои ба Русия ҳамроҳшуда даст кашад, вагарна дар акси ҳол Украина бо натиҷаи ғамангез рӯбарӯ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вошингтон бояд Киевро мутақоид созад, ки аз ташдиди низоъ даст кашад ва бо Маскав сари мизи музокирот нишинад.
Дар ин бора собиқ сафири ИМА дар СССР Ҷек Метлок гуфтааст.
Дар мақолае, ки дар The Responsible Statecraft, нашрияи Институти ҳукумати Квинси нашр шудааст, ӯ гуфтааст, ки мақомоти Украина кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафҳои ғайриимкон ноил шаванд.
Ба таъкиди дипломат, талошҳои Киев барои баргардонидани қаламравҳо бо зӯрӣ боиси даври нави ташдиди авзоъ шуда, барои Украина паёмадҳои ногувор анҷом хоҳад дод.
"Украина ҳатто бо дастгирии НАТО наметавонад дар ҳудуди соли 1991 давлати устувор ва амалкунанда эҷод кунад", - гуфта мешавад дар мақола.
Метлок созиши оташбасро ягона роҳи қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина номид.
Сафири собиқи Амрико бар ин назар аст, ки Вашингтон бояд Зеленскийро ба ҳалли мусолиматомези низоъ ҳарчӣ зудтар водор кунад.
Обращение президента РФ В. Путина к участникам II Форума межрегионального сотрудничества России и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд
Илова бар ин, дипломат қайд кард, ки агар Киев тавофуқоти Минскро риоя карда, Донбассро ҳамчун як қаламрави худмухтор дар дохили Украина эътироф мекард ва уҳдадор мешуд, ки ба НАТО намепайвандад, ин низоъро комилан пешгирӣ кардан мумкин буд.
Қаблан низ ин дипломат гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ Ғарб барои муддати тӯлонӣ аз Украина пуштибонӣ карда наметавонанд, аз ин рӯ Киев бояд имрӯз аз даст додани қаламравҳои таърихии Русияро бипазирад ё фардо ҳама чизро аз даст диҳад.
Тавре EADaily хабар дод, роҳбари бузургтарин фонди сармоягузории Pershing Square Capital Management, миллиардери 56-сола Билл Экман (бо арзиши 3,2 миллиард доллар) ба Украина пешниҳод кардааст, ки аз даъвоҳои худ ба Қрим ва шомил шудан ба НАТО даст кашад.
Лентаи хабарҳо
0