Борону барф: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

CC0 / Beryl_snw / Rain - EDДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
Ҳаво дар Тоҷикистон нисбатан салқин омада, ҳарорат дар ВМКБ то 16 дараҷа, дар Суғд то 17, Хатлон - 24 дараҷа ва Душанбе то 17 дараҷа гармӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар бархе аз навоҳӣ борон меборад, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дарр Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баробари борон барф ҳам дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон низ дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман борон пешгӯӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барфрезии суст ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона то 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона то 10+15 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад, пешгӯӣ мекунанд ҳавошиносон. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0