Сеюм дар сол: Медали биринҷии Раҳимов дар Абу-Дабӣ

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар мусобиқаи Гранд Слами Абу-Дабӣ 10 ҷудокор, аз ҷумла 2 зану 8 мард намояндагӣ карданд, ки беҳтарин натиҷаро Темур Раҳимов нишон дод
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Темур Раҳимов дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дар мусобиқаи Гранд Слами Абу-Дабӣ Мариус Физел аз Словакияро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқа дар Абу-Дабӣ бо иштироки 414 варзишгар аз 65 давлат баргузор гардид.
Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз ҳаштякфинал шуруъ карда, бар варзишгари Ӯзбекистон Бекмурод Олтибоев, дар чорякфинал бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Ҷамъбасти бебарори рӯзи 5-уми қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудокорони Тоҷикистон
Аммо дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Чех Лукас Крпалек, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хурд. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм паҳлавони тоҷик бар Мариус Физел аз Словакия пирӯз гардид.
Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерланд, медали дигари биринҷӣ насиби Иней Маринич аз Словения гардид, афзуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар, аз ҷумла 2 зан дар ин мусобиқа ширкат карданд. Дар вазни то 90кг Ҷаҳонгир Маҷидов ҷои панҷум, Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Барои Темур Раҳимов ин сеюмин медали нуқра дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0