Барфу борони шадид: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМужчина под зонтом в парке
Мужчина под зонтом в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар буда, ҳавошиносон дар аксари навоҳии кишвар борони бошиддат ва раъду барқро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар навоҳии Тоҷикистон, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат меборад, иттилоъ дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар бархе аз минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар ноҳияҳои алоҳидаи Хатлон низ борон ва дар баъзе ноҳияҳо бошиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барфрезӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона то 7+12 дараҷа гарм мерасад.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар Душанбе низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0