Мавҷи сеюми қатъи обрасонӣ дар Душанбе: сана ва соат

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
Ин дафъа ду ноҳияи марказӣ, инчунин Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ва беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии рақами 3 дар хонаҳо бе об мемонанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро аз қатъи навбатии об дар чанд навоҳии шаҳр ҳушдор медиҳад.
Дафтари матбуоти дастгоҳи иҷроия тавзеҳ дод, ки қатъи он ба нақша гирифта шуда, ба корҳои таъмир рабт дорад.
"Аз соати 23:00-и 28-уми октябр то 06:00-и 29-уми октябр об намеравад", - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Дар иншооти обкашии "Фишорӣ" бо сабаби корҳои профилактикӣ интиқоли об қатъ мегардад. Ба сокинони кучаю навоҳии зерин захираи об ҳатмист:
дар ноҳияи И.Сомонӣ - дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то С.Ғанӣ), инчунин дар хиёбони И.Сомонӣ;
Кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон;
дар ноҳияи Сино маҳаллаи Шараф, Ал-Берунӣ, инчунин беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков.
Илова бар ин, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, кӯчаҳои Наврӯзгоҳ ва Варзишгарон аз об маҳрум хоҳанд шуд.
Аҳолии Тоҷикистон кай бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад? Посухи Ғаффорзода
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар вақти қатъ кардани об ба миқдори зарурӣ захира кунанд.
Лентаи хабарҳо
0