Коршинос: Туркманистон ба Русия вобаста шудааст

© Sputnik / Alexandr Demyanchuk  / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов в Самарканде
Президент РФ Владимир Путин и президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов в Самарканде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Коршинос бар ин назар аст, ки ин кишвар ҳарчӣ бештар боз ва хостори таҳкими равобит бо Русия мешавад: аммо чунин амалҳо ҳадафи мушаххас доранд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Туркманистон асосан аз Русия вобаста аст. Дар ин бора сиёсатшинос Аждар Куртов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи ин минтақа дар Осиёи Марказӣ печида аст.
"Туркманистон наметавонад аз Русия дур шавад, зеро дарк мекунад, ки иҷрои бархе аз нақшаҳои азими худ, масалан, сохтмони лӯлаи газ аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд танҳо дар шароити мусоид бо иштироки Русия сурат хоҳад гирифт", - шарҳ дод коршинос.
Вай гуфт, қаблан мақомоти Туркманистон ба ҳамкорӣ бо Амрико умед доштанд, аммо амрикоиҳо Афғонистонро тарк карданд ва нақшаҳои азим барбод рафтанд.
"Ҳоло барои Туркманистон бисёр чиз аз беҳбуди равобит бо Русия вобаста аст. Наздик шудан бо Маскав барои Ишқобод то андозае ҳам як иқдоми зарурӣ ва маҷбурӣ аст", - таъкид кард Куртов.
Вай ҳамчунин изҳороти ахири раисиҷумҳури собиқи ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро шарҳ дод. Ӯ қайд кард, ки Туркманистон ба як давлати бозтар мубаддал мешавад: масъалаи таъсиси Донишгоҳи туркманиву русӣ баррасӣ мешавад ва дар ин кишвар соли забони русӣ дар назар аст.
Саммит Россия - Центральная Азия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Русия ва Осиёи Марказӣ ният доранд инфрасохтори нақлиётиро беҳтар кунанд
Чунин тадбирҳоро набояд ошкорбаёнии комили кишвар номид, бовар дорад Куртов.Сиёсати берунии ҷумҳурӣ кам тағйир ёфт.
Ин коршинос дар сӯҳбат бо Украина.ру, ин амалҳои мақомоти Туркманистон ба хотири "писанди Русия ва дарёфти пуштибонӣ аз он" хондааст.
Лентаи хабарҳо
0