Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?

© Sputnik Открытие представительства Многофункционального миграционного центра Москвы в Таджикистане
Открытие представительства Многофункционального миграционного центра Москвы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фаъолияти Маркази муҳоҷиратӣ дар Душанбе ба огоҳсозии муҳоҷирону мусоидат барои будубоши роҳаташон пеш аз сафар ба Русия равона хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе Маркази муҳоҷиратиро фаъол мекунад, иттилоъ дод ноиби раиси ҳукумати ФР, Алексей Оверчук.
Оверчук, ки дар садри як ҳайати ҳукуматии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба рӯзноманигорон гуфт, маросими ифтитоҳи Маркази муҳоҷиратӣ 9 ноябр сурат хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки музокирот барои ифтитоҳи маркази мазкур қаблан низ сурат гирифта, ҳадафи он тавзеҳ дод ашуд.
Аз ҷумла қаблан зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии "Маркази муҳоҷират"- и шаҳри Маскав Сергей Балдин ин масъала баррасӣ гардида буд.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Тавзеҳ дода шуда буд, ки вазифаҳои Маркази муҳоҷират аз ҷумла паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Русия, огоҳ кардани корфармоён дар бораи мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирон, тафтиши имкони вуруд дохил мешаванд.
Инчунин интизор меравад маркази мазкур ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи масъалаҳои шуғл, тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош ва ғайраро тавзеҳ медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0