Обанбори нави оби ошомиданӣ дар Суғд ба истифода дода шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Обуна шудан
Обанбори оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши ҳудуди 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари корияшро дар Суғд аз ифтитоҳи обанбори шаҳри Бӯстон оғоз кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, обанбори мазкур бо ғунҷоиши 1 ҳазор метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон кор бурда мешавад.
Зикр шудааст, ки дар доираи "Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон" қариби 19 млн доллари амрикоӣ истифода шудааст.
Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт: Чаро?
Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд, таъкид кард дафтари матбуот.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд додаст.
Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегирад.
То ҳол ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшкии тоза мусоидат намудааст.
Лентаи хабарҳо
0