Бидуни бохт: футболбозони тоҷик қаҳрамони CAFA -2022 гардиданд

© котиботи ФФТБозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Бозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2022
Обуна шудан
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чаҳор бозиро бидуни бохт анҷом доданд ва ҳатто ба чанде аз тимҳои ҳарифони худ ҳатто имкони як гол ба самар расонданро надоданд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 14-сола бо пирӯзии тими Тоҷикистон дар Ҳисор анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бояд гуфт, мунтахаби наврасони кишвар таҳти раҳбарии Далер Каёсов дар чаҳор бозии анҷомшуда чаҳор пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври охирин тими Тоҷикистон бар футболбозони Афғонистон бо ҳисоби калони 6:0 ғалаба кард.
Дар ин мусобиқа медали нуқраиро футболбозони Эрон ва ҷои саввумро тими Ӯзбекистон азхуд кард.
Дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон - U-14  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Наврасони тоҷик ҳамтоёни ӯзбекистонияшонро голборон карданд
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби наврасони тоҷик нахустин бозии худро бо футболбозони Туркманистон доир карданд ва бо ҳисоби бузурги 10:00 ҳарифони худро ноком карданд.
Ҳамчунин бозиҳои навбатӣ бо дастаҳои Ӯзбекистону Эрон низ ба фоидаи футболбоони тоҷик анҷом ёфт ва дар ниҳоят мунтахаби Афғонистон низ натавонист варзишгарони моро шикаст диҳад.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард
Лентаи хабарҳо
0