Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд

Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба шарофати афзудани квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар дар соли таҳсили 2022-2023 ба таври назаррас афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, гуфт Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба маориф ва илм.
Ин далелро сенатор дар Душанбе дар ҷаласаи комиссияи ҳамкорӣ байни палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи Гумерова, дар соли хониши 2022-2023 шумораи квота, ки аз буҷети Русия маблағгузорӣ мешавад, 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расонида шуд.
Дар рафти чорабинӣ қонунгузорон дурнамои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо ва эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмиро баррасӣ карданд.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия: аз дархости бурсияи бештар то сармоя
Аз чумла, масъалахои ичрои Созишнома дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии мактабҳое, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, дида баромада шуданд.
Раиси кумита ҳамчунин қайд кард, мактабҳои наве, ки дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ба талаботи олӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Тоҷикистон хостори ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русияро шуд
Ва сохтани ин мактабҳо аз таваҷҷуҳи зиёд ба забони русӣ дарак медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0