Тоҷикистон то охири сол чӣ қадар қарз мегирад?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон барои ҷалби маблағи иловагӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. То охири соли ҷорӣ дар доираи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ баимзорасии созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи 434,5 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни як ҳисобот ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи иловагӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб карда шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монда шудаст.
Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 млн доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди 92%-аш ба грант рост меояд.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Афзоиши қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ баста шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллари амрикоӣ равона гардидаанд.
Аз маблағе, ки дар доираи 9 созишнома ҷалб шудааст, наздики 298 млн доллар ва ё 92% грант мебошад.
Ҳудуди 19 млни дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 млн доллар каме бештар аз 2% саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад, тавзеҳ доданд масъулини молия.
Лентаи хабарҳо
0