Марги дуюмин кудаки тоҷик давоми як рӯз дар Санкт-Петербург ба иллати сармохӯрдагӣ

© Sputnik / Алексей КуденкоБольница, архивное фото
Больница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Боз як кӯдаки хурдсоли муҳоҷири тоҷик даргузашт. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз аъзои оила ӯ расман дар қаламрави Федератсияи Русия ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар Санкт-Петербург тайи 24 соати охир тифли дуюми тоҷик даргузашт. Ин дафъа ҳодиса дар кӯчаи Коммунарови ноҳияи Красносельскии шаҳр рух додааст.
Мақомоти интизомии пойтахти шимолӣ хабар медиҳанд, ки ҳодиса хонаи шахсии №35 рух дода, дар бораи фавти кудаки панҷмоҳа фелдшери ёрии таъҷилӣ додааст.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки волидони кӯдак, шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ба гурӯҳи пизишкӣ занг задаанд. Ба ҷои ҳодиса расидан баробар, табибон маълум карданд, ки ноболиғ қабл аз омадани онҳо ҷон додааст.
"Баъд аз ин, модару падар ҷасади кӯдакро гирифта, ба поликлиникаи рақами 28, воқеъ дар Красное Село рафтанд. Кормандони пулис низ каме дертар ба онҷо расидаанд", - шарҳ медиҳад манбаъ.
Маълум шуд, ки рӯзи 7-уми декабри кӯдакро таби баланд фаро мегирад ва пас аз чанд соат волидон ба ёрии таъҷилӣ занг заданд.
Гуфта мешавад, ки падари тифли фавтида ба таври ғайрирасмӣ дар нуқтаи қабули металл кор мекунад ва модар дар ягон ҷо кор намекунад ва ҳеҷ кадоми онҳо дар Русия сабти ном надоранд.
Автомобиль скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Дар Петербург қазияи марги як фарзанди муҳоҷирони тоҷик таҳқиқ мешавад
Ҳоло бошад, нисбати муҳоҷирон дар мавриди аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои волидайн оид ба таъминот ва тарбияи ноболиғон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш аз ин ҳодисаи дигаре дар хиёбони Пискаревскийи шаҳри Санкт-Петербург рух дода буд.
Дар як хонаводаи тоҷикистониён, ки бе назорати пизишкон аз сардӣ ва сулфа кудаки сесола табобат мешуд, ҷон бохт.
Лентаи хабарҳо
0