Генерал Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд: Ӯ ба номи халқ савганд хӯрд

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонАлишер Мирзонабот ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон савганд ёд кард
Алишер Мирзонабот ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон савганд ёд кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб гардида, ба номи халқ савганд ёд кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон узви тозаинтихоб аз ВМКБ, Алишер Мирзонаботро ба мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар интихоб кардаанд.
Генерал Мирзонабот дар ин мақом Ёдгор Файзов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон раиси ин вилоятро иваз намуд.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ зикр намудаст, ки Мирзонабот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда баранда шуд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Ҷонибдорӣ аз тағйири номи Ҷиргатол дар Маҷлиси Миллӣ
Манбаъ афзуд, тибқи муқаррарот узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, Мирзонабот Алишер ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.
Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда буд.
Инчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Исматзода Азизулло дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда узви палатаи болоии парлумон шуда, савганд ёд кард.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0