Вазорати хориҷа роҳҳои вусъат бахшидан таблиғоти Тоҷикистон дар хориҷро меҷӯяд

© Sputnik / Амир ИсаевГиссарская крепость
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар гуфтугӯи маҷози бо сафирони кишвар масъалаи раванди таблиғу ташвиқи кишшвар дар хориҷро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ахиран дар вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон имкониятҳои воқеии соҳаи сайёҳии кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, чанде пеш таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷӯразода Тоҷиддин ва директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Сафарзода Дилшод бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ҷонибҳо дар масъалаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва авиатсия табодули андеша карданд.
Таъкид шудааст, ки дар нишасти мазкур ҳамчунин атрофи имкониятҳои воқеии соҳаи сайёҳии кишвар, роҳҳои вусъат бахшидан ба раванди таблиғу ташвиқи он дар хориҷа ва дарёфти роҳҳал ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Сафари 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки ҳудуди 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ тайи шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон сафар карданд.
Ин теъдод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 95 дарсади ин афрод шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва ба вижа Ӯзбекистон буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда буданд.
Дар Тоҷикистон 240 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ бо соли қабл 19 ширкат бештар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир барои қабули гардишгарони хориҷӣ акнун 182 меҳмонхона аз ҷумла шаш меҳмонхонаи панҷ ситора, 19 меҳмонхонаи чаҳор ситора, 16 меҳмонхонаи се ситора ва 136 меҳмонхонаи хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0