Тошканд расман аз тасмими толибҳо изҳори нигаронӣ кард

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳори умед кардааст, ки ҳукуматдорони нави Афғнистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Манъи таҳсили занону духтарони Афғонистон дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо боиси нигаронии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон шуд.
Дар ин бора ВУХ Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот итттилоъ дода, изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Афғонистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд.
"Мо хабари манъи таҳсили занону духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ ва хусусии Афғонистонро бо нигаронии амиқ қабул кардем", - омадааст дар изҳороти Тошканд.
Мақомоти Ӯзбекистонӣ изҳори умед намудаанд, ки толибҳо иродаашон барои бунёди ояндаи шукуфони кишварро нишон хоҳанд дод.
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
"Ба бозбинии ин қарор чун нишонаи ҷонибдорӣ аз талоши мардуми Афғонистон барои бунёди ояндаи амну шукуфон умед дорем", - даъват намудааст ВУХ Ӯзбекистон.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Лентаи хабарҳо
0