Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

© Sputnik / Амир ИсаевРодственники провожают паломников в хадж
Родственники провожают паломников в хадж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Як ҳайати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҷиҳати баррасии эҳёи дубораи саҳмияи зоирин ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 Арабистони Саудӣ саҳмияи кишварҳо барои зиёрати Хонаи Худоро қариб як баробар коҳиш дода буд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳайати Кумита ба раҳбарии раиси он Сулаймон Давлатзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои дутарафа, бахусус, масоили ҳаҷ, бо мақомоти зидахли Арабистони Саудӣ ба Риёз сафар кардааст.
"Яке аз масоил эҳёи дубораи ҳисса (квота) -и Тоҷикистон дар маросими ҳаҷ аст, ки пас аз пандемияи корнавирус дар соли 2020 аз сӯи Арабистони Саудӣ барои тамоми кишварҳои мусулмон, аз ҷумла Тоҷикистон, коҳиш дода шуд. Ҳамчунин бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ низ як қатор созишномаҳо ба имзо хоҳад расид”, - гуфт Афшини Муқим.
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Шароит беҳтар, нарх гаронтар: раиси Кумитаи дин дар бораи ҳаҷҷи имсола ва оянда
Тибқи иттилои ин манбаъ, қабл аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.
Пас аз вуқӯъи ҳамагирии ҷаҳонии корнавирус дар соли 2020 кишвари Арабистони Саудӣ теъдоди зоиринро қариб ба нисф коҳиш дод.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар сол ба адои маросими ҳаҷ мушарраф шудаанд.
Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0