Эрдуғон толибҳоро дар нақзи шариат муттаҳам кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Туркия аъмоли толибҳоро, ки таҳсили занонро дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ мамнуъ эълон кардаанд, ғайришаръӣ хондааст
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳдудиятҳои толибҳо дар таҳсили занон хилофи арзишҳои умумибашарӣ ва исломӣ аст, изҳор доштаст, президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, Эрдуғон изҳор доштаст, ки манъи таҳсили занон дар донишгоҳҳо ва мактабҳои миёнаро бо ислом асоснок кардан ғайриимкон аст.
Вай таъкид намудаст, ки дини ислом мамнуъ будани таҳсил барои занонро қабул надораду ин қарор хилофи шариат мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан нигарониҳо аз ин қарорро Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон баён дошта буд.
ВУХ Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот изҳори умедворӣ карда буд, ки мақомоти Афғонистон тасмими худ дар бораи манъи таҳсили занонро бознигарӣ мекунанд.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Тошканд расман аз тасмими толибҳо изҳори нигаронӣ кард
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0