Иштироки беш аз 80 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар Тошканд

© Федерация дзюдо РТДзюдоист Комроншохи Устопириён
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар риштаи ҷудо, ки қарор аст дар шаҳри Тошканд баргузор ҳайати бузурги варзишкорони тоҷик иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё дар риштаи ҷудо байни наврасону ҷавонон 82 ҷудокор иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ мусобиқаи мазкур 27-30 июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба Ташканд мефиристад.
“Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок хоҳанд кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн дар байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Ҷудкорони тоҷик дар Hungary Masters - 2023 иштирок мекунанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Федератсияи ҷудои кишвархабар дода буд, ки удокорони тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар дар мусобиқаи Hungary Masters - 2023 иштирок мекунанд.
дар ин мусобиқа беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон ки дар радабандии созмони байналмилалии ҷудо - IJF то зинаи 36 ҷой гирифтаанд, метавонанд иштирок намоянд.
Мусобиқа рӯзҳои 6-8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0