Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия талафоти артиши Украина дар ду хати ҷабҳаро эълон кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБоец батальона "Ахмат" в зоне СВО
Боец батальона Ахмат в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши Украина дар ду хати ҷабҳа дар ҷануби Донетск ва Запарожие наздик ба 240 сарбозашро дар як шабонарӯз аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Гурӯҳи артиши Русия "Восток"-и дар самти ҷануби Донетск ва Запорожие то 240 сарбози украиниро нобуд кардааст, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин самт як гурӯҳи тахрибкорон, як анбори муҳимоти қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳамчунин 10 техникаи душман, аз ҷумла - як тӯпи худгарди амрикоии “Паладин”-ро нобуд кард.
Ба иттилои вазорати дифоъ, дар самти Донетски ҷанубӣ ҳавопаймоҳои Русия, тӯпхонаии гурӯҳи нерӯҳои “Восток” ба нерӯи корӣ ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Урожайное ва Леваднии Запорожие зарба заданд.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Дар самти Запорожие артиши Русия дар минтақаҳои Марфопол, Новоселовка, Шербаков ва Пятихатки ба нерӯҳои пиёдагард ва техникаи душман зарба заданд.
Инчунин, дар вилояти Запорожие, вилояти Чаривне фаъолияти гурӯҳи тахрибкорони украинӣ аз байн бурда шуд.
“Талофоти душман дар ин минтақаҳо 240 сарбози украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду мошини ҷангӣ, як тӯпхонаи худгарди сохти амрикоии М109 Паладин, се тӯпхонаи худгарди МСТА-В, “Акатсия” ва як Д-ро ташкил дод. Илова бар ин, дар наздикии шаҳраки Малая Токмачкаи вилояти Запорожие як анбори лавозимоти ҷангии бригадаи савораи 33-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нобуд карда шуд", - гуфт вазорати дифоъ.
Лентаи хабарҳо
0