Чаро нархи картошка дар Тоҷикистон баланд рафт? – шарҳи расмӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСбор овощей в фермерском хозяйстве
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон 27 ҳазору 548,8 тон картошка бо арзиши умумии 7 миллиону 130,6 ҳазор доллар ворид кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тайи як моҳи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон иттифоқи бесобиқае афтод: нархи картошка – “нони дуюм” - як – якуним баробар боло рафт.
Мақомот аз эҳтимоли поён наомадани нарх ва камбуди картошка дар моҳҳои пеши рӯ суҳбат мекунанд.
Тайи беш аз як моҳи ахир нархи як кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аз 6 то 7, вилояти Суғд аз 4,5 то 6,5 сомонӣ, вилояти Хатлон аз 6,5 то 8 сомонӣ, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 то 10 сомонӣ ва бо ҳисоби миёна дар кишвар аз 6,3 то 7,9 сомониро ташкил дод.
Бино ба таҳлилҳо, нархи миёнаи картошка дар кишвар дар қиёс ба моҳи январи соли ҷорӣ аз рӯйи нархи пасттарин 50 ва аз рӯйи нархи балантарин 58 фоиз ва нисбат ба 8 июни соли ҷорӣ аз рӯйи нархи пасттарин 31 ва аз рӯйи нархи балантарин 25,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Чаро чунин иттифоқ афтод?

Бино ба омори вазорати кишоварзии Тоҷикистон, истеҳсоли картошка дар ним соли гузашта коҳиш ёфта, ба ҳолати 1 июл картошкаи баҳорӣ дар 6 моҳ 261 ҳазору 510, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ - 161 ҳазору 354 ва аҳолӣ - 100 ҳазору 155 тон ҷамъоварӣ шудааст.
Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 041 тон ё 0,4 фоиз кам аст. Тоҷикистон ба хотири таъмин ва танзими бозори картошка 10,5 дарсади эҳтиёҷоташро аз ҳисоби воридот бароварда мекунад.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Дар Хатлон нархи картошка гарон шуд: сабаб
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон 27 ҳазору 548,8 тон картошка бо арзиши умумии 7 миллиону 130,6 ҳазор доллар ворид гардидааст, ки бо ҳисоби миёна ба 1 тон 259,0 доллар рост меояд.
Аз ҳаҷми умумӣ 24 ҳазору 636,0 тон ё 89,4 фоиз бо арзиши 5 миллиону 420,6 ҳазор доллар аз Покистон, Қазоқистон, Белорус ва Русия картошка ворид шудааст.
Дар ҳамин ҳол, картошкаи воридотӣ дар таъйин ё коҳиш ёфтани нарх дар бозор таъсир расонида наметавонад.
Бино ба омор, дар қиёс ба аввали соли ҷорӣ арзиши миёнаи воридотии картошка барои як тон бетағйир монда, 220 доллар ё мувофиқ ба қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ ба ҳолати 11 июл, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст (10, 9215), 2 ҳазору 407,73 сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси додаҳои гумрукӣ, дар моҳи июн, замоне, ки нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон бесубот шуд, 24 ҳазору 636 тон бо арзиши 5 миллиону 420,65 ҳазор доллар бо ҳамон арзиши миёнаи 220 доллар ё 2 ҳазору 403,05 сари тон картошка ворид шудааст.
Бино ба калкулятсияи эҳтимолии ташаккулёбии нархи фурӯши яклухт ва чаканаи картошкаи воридотӣ бо ҳисоби миёна барои 1 тон, ки аз сӯи Хадамоти зиддинҳисорӣ анҷом шудааст, хароҷоти роҳ – 13 доллар ё 141,98 сомонӣ, дигар хароҷот - 3% ё 76,35 сомонӣ, болонархӣ 5% ё 131,07 сомонӣ ва андози арзиши илова (ААИ) 15% ё 412,87 сомониро ташкил медиҳад, ки нархи фурӯши яклухтро ба 3 ҳазору 165,32 ё 3 сомониву 17 дирам сари як кило мерасонад.
Агар хароҷоти иловагӣ барои фурӯши чакана то 10% ё 0,32 сомониро ташкил кунад, нархи як кило картошкаи воридотӣ 3 сомониву 49 дирам хоҳад шуд.
© SputnikРост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц
Рост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Рост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц
Ин ниҳод мегӯяд, бо назардошти ноҳамгунии мавқеи ҷуғрофии минтақаҳои картошкапарварии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳ муайян намудани калкулятсияи эҳтимолии ташаккулёбии арзиши аслии картошкаи истеҳсоли дохилӣ ғайриимкон мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омор ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар як сол барои истеъмол ба як сокини кишвар 92,0 кг картошка лозим аст, аммо ҳаҷми истеҳсолу воридот ва истеъмоли картошка нишон медиҳад, ки эҳтимолан як нафар дар як сол аз 120 то 130 кг истифода мекунад.
Аз ҳамин хотир, талаботи умумии Тоҷикистон ба картошка дар як сол то ба 1,3 миллион ё 108 ҳазору 333,3 тон дар як моҳ рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқ ба сабади истеъмолӣ мизони истеъмоли картошка барои як нафар дар Тоҷикистон 89,5 кг-ро дар як сол пешбинӣ мешавад.
Дар ин замина, бо назардошти шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон (10 миллиону 011 ҳазор нафар) ниёз ба картошка дар як сол 895 ҳазору 984,5 тон ё 74 ҳазору 665,4 тон дар як моҳро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин минвол, ҳиссаи картошкаи воридотӣ дар таносуб ба миқдори истеҳсоли дохилӣ 10,5% (24 848,5/261 510 х 100) ва дар таносуб ба талаботи сабади истеъмолӣ 5,5%-ро (24 848,5/895 984,5 х 100) ташкил медиҳад.
Мешки с картошкой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Нони дуюм арзон мешавад?: Мақомот аз афзоиши ҳосили картоша гуфт
Тибқи таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи соли равон бо назардошти воридот ва истеҳсол ҳаҷми картошка 286 ҳазору 358,5 тон ё моҳона 23 863,2 тонро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба меъёри зарурии аз рӯи меъёрҳои физиологӣ муайянгардида 3,13 маротиба камтар аст.
Бар пояи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар саросари Тоҷикистон соли равон дар майдони 36 ҳазору 508 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1169,0 гектар ё 3,1 фоиз зиёд мебошад.
Аммо, тибқи маълумоти ҳамин ниҳод, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аз майдони 5 ҳазору 735 гектар картошка ҷамъоварӣ шудааст ва ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли гузашта 2 ҳазору 083 гектар ё 26,6 фоиз кам аст.
Ҳосил аз 1 гектар 16,8 тонро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 1,4 тон ё 7,7 фоиз кам аст. Аз ин арқом мешавад ба ин хулоса расид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 96 ҳазору 348 тон (16,8х5735) тон ба даст омадааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта зиёда аз 142 ҳазор тон картошка ҷамъоварӣ шуда буд.
Аз ин хотир, бино ба таҳлили Хадамоти инҳисорӣ, вақте ҳосили картошка дар нимсолаи якуми сол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст, эҳтимол дорад, нархи он тағйир ёфта, камчинӣ дар бозорҳои кишвар мушоҳида шавад.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Аз заминҳои Хатлон гирифтани то чор ҳосил имконпазир аст: Давлаталӣ Саид роҳашро нишон дод
Аз сабабҳои таъсиррасон ба болоравии нархи картошка ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ тағйирёбии нархи нуриҳои минералиро мисол мезананд, ки нархи миёнаи он барои 1 тон, аз ҷумла фосфатҳо ва нуриҳои калий, нисбат ба соли гузашта мутаносибан аз 60 то 210 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аммо яке аз далоили умдаи коҳиши ҳосили картошка дар кишвар тағйирёбии иқлим аст, ки ба деҳқонон имкон надодааст ҳосили табъи дилашонро ба даст оранд.
Гузашта аз ин, ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар манотиқи умдаи картошкапарвар, назири Деваштич, Ҷиргатол ва Масчоҳи Кӯҳӣ, ки дар моҳи август ба ҷамъоварии картошкаи худ шуруъ мекунанд, мегӯянд, ба хубии ҳосил чандон умед надоранд, зеро обуҳавои нобоб рушди картошкаро кунд карда, ҳосили мунтазираи онро таҳти суол гузоштааст. Ин ба он маъно буда метавонад, ки Тоҷикистон эҳтимолан имсол картошкаи бештарро ворид хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0