Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиётҳои фаъоли артиши Русия назди шаҳри Купянск

© Sputnik / Дмитрий Макеев / Гузариш ба медиабонкСамоходная артиллерийская установка "МСТА-С"
Самоходная артиллерийская установка МСТА-С - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Харков эълон кардааст, ки артиши Русия фаъолона амалиётҳояшро дар наздикии деҳи Синковка назди шаҳри Купянск анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раҳбари вилояти Харков Виталий Ганчев ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, ки дар наздикии деҳаи Синковкаи Харков наздикии шаҳри Купянск амалиёти фаъоли ҷангӣ ҷараён дорад.
Ба гуфтаи вай душман аллакай деҳаро тарк кардааст.
"Мо маълумот дорем, ки низомиёни Русия аллакай душманро дар канори Купянск шикаст дода истодаанд. Амалиёти ба вижа фаъол ҳоло дар наздикии деҳаи Синковка ҷараён дорад. Дар ҳоли ҳозир мо метавонем бигӯем, ки ягон нафар низомиёни сарбозони украининӣ дар худи деха нестанд”, - гуфт Ганчев.
Қаблан як афсари собиқи иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар бораи талафоти бузурги артиши Украина ҳарф зада буд.
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина талош кард ба фурудгоҳи низомии вилояти Новгород зарба занад
Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, рӯҳияи низомиёни Русияро бо сафарбар кардани ҷангҷӯёни бештар ба хатти ҷабҳа бишкананд, аммо ин танҳо боиси афзоиши маргу мири нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.
Лентаи хабарҳо
0