Амалиёти вижаи низомӣ: Пешравии артиши Русия дар самти Купянск

© Sputnik / Дмитрий Макеев / Гузариш ба медиабонкРабота артиллеристов на Херсонском направлении
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Қувваҳои мусаллаҳи русиягӣ дар самти Купянск ҳамарӯза ба пеш ҳаракат доранд ва қаламравҳои вилояти Харковро озод намуда истодаанд
Ин пешравиҳои артиши Русия шикасти стратегии ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украиниро, ки бо захираҳои ҷангии ИМА ва НАТО таъмин аст, возеҳ месозанд.
Зерсохторҳои гурӯҳҳои ҷангии “Ғарбӣ” бо истифода аз пуштибонии тактикиву таъҷилии авитасия ва артиллерия рӯзи 21 август душманро аз якчанд нуқтаҳои ҷойгиршавиаш ронданд, якчанд адад техникаи зиреҳпӯшро нобуд сохтанд.
Неруҳои украиниро аз деҳоти Синковка, ки дар 5-километраи шаҳри Купянск ҷойгир асту гиреҳи нақлиётии минтақа маҳсуб меёбад, берун карданд.
Қайд менамоем, ки аллакай 30 маҳалли аҳолинишини вилояти Харков таҳти назорати Русия қарор дорад.
Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар бораи вазъи мураккаб ва эҳтимолияти фурӯ рехтани ҷабҳа дар вилояти Харков хабар медиҳад. Фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди артиши Украина Александр Сирский вобаста ба вазъияти дар Купянск баамаломада мепурсад, ки фавран ҷаласаи ситод баргузор карда шавад.
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина талош кард ба фурудгоҳи низомии вилояти Новгород зарба занад
Душман маҷбур аст аскарони худро аз самти Артёмовск ба самти Купянск фиристад, қисмҳои “яккачин”-и захираи стратегиашро бо танкҳои британии Challenger, мошинҳои амрикоии зиреҳпӯши ҷангии Stryker ва мошинҳои ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизоми олмонии Marder ба ҷанг дарорад.
Пас аз торуморёбии ногузири “яккачинҳо” дар хати ҷабҳа фақат украиниҳои захиравии омодагии хуб надошта боқӣ мемонанд.
Фармондеҳии артиши Украина мекӯшад ақибнишиниро (гурезагонро) бо таҳдиди паррондан боздорад, аммо зерсохторҳои ситодии нерӯҳои украинӣ Купянскро ҳанӯз ду ҳафта пеш тарк намуда буданд. Маъмурияти шаҳрвандӣ низ рӯ ба гурез ниҳодааст.
Зерсохторҳои муҳандисии артиши Украина пулҳоро тарконидан доранд, то шасти ҳуҷуми қувваҳои мусаллаҳи Русияро паст гардонанд.
Режими киевӣ тахлияи иҷбории аҳолиро аз вилояти Харков идома дода истодааст ва ҳам сафарбаркунии “сартосарӣ” дар тамоми қаламравҳои зери назорати киевӣ ҷараён дорад.
Таҳлилгарон ва стратегҳои алоҳидаи ғарбӣ пешниҳод доранд барои комёб гаштани “ҳамлаи ҷавобӣ” ба сафҳои артиши Украина ба якборгӣ 3 миллион нафар даъват карда шаванд (ҳоло - 1 миллион).
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Пирӯзии Путин. Украина НАТО-ро дар хиёнат айбдор кард
Ва дар ин маврид сари он намеандешанд, ки ба ин миқдор аскарон афсарони хурд (қумондонҳои взвод, рота ва баталйон) намерасанд, яроқи штатӣ, захираҳои иқтисодиёт ва саноати коплекси ҳарбии НАТО низ имконияти кашидани бори ин теъдод низомиёнро надоранд.
Дар ҷаҳон мӯъҷизот рух намедиҳад. Аз садҳо танки Ғарб ваъдакарда Киев фақат 60 адад “Леопард” гирифт, ки нисфи онҳо дар ду моҳи тобистон сӯзонида шуданд.
Ба андешаи фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Аврупо Джеймс Хеккер, ду ҷангандаи баҳрии F-16 (ду эскадрилия)-ро Украина на пештар аз соли 2027 мегирад.

Бахудоии дери Ғарб

Рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal аз 22 август вазъиятро дар наздикии Купянск, ки он ҷо ”Русия нияти ҳуҷум карда дорад“, муфассал шарҳ дод
Дар шимолтари деҳоти Синковка барои он, ки ба ҳаракати артиши русиягӣ сӯи “теппаҳои стратегӣ” мушкил эҷод кунанд, қаламравҳо аз ҷониби артиши Украина минакорӣ карда шудаанд.
Таи ҳафтаҳои охир ҳолатҳои оташкушоӣ аз ҷониби артиши русиягӣ бо истифода аз артиллерия зиёд гаштааст.
Фаъолнокии қувваҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи шимоли ҷабҳа дар вилояти Харков ба фармондеҳони украинӣ барои сафарбар намудани ҳамаи қувваҳо барои рахна намудани хати ҷабҳа дар самти Запороржетс халал мерасонад.
Владимир Зеленский на церемонии вручения премии Карла Великого в Аахене. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
"Сарнагун мешавад": Амрико Зеленскийро аз таҳдиди артиши Украина ҳушдор дод
Нашрия қайд менамояд, ки дар низои тӯлонӣ барои заифкунӣ “Русия бо захираҳои саноати ҳарбиаш ва бо аҳолиаш, ки аз аҳолии Украина се маротиба зиёдтар аст, афзалияти бармало хоҳад дошт”.
Кохи Сафед аллакай ба шикасти стратегии ҳамлаи ҷавобии украинӣ шак надорад (ки ба захираҳои ҷангии кишварҳои НАТО соя андохта истодааст).
Амрикоиҳо беш аз беш артиши Украинаро танқид кардан доранд ва аз Киев даъват доранд, ки таваккал ба хатар равад. Аммо бо киву чӣ гуна таваккал кунад, агар теъдоди ба таври оммавӣ сафарбаршудагон ба сифати афсарон бозгардон нашавад.
Собиқ мушовири вазири дифои ИМА, коршиноси низомӣ Дуглас Макгрегор пештар пай бурда буд, ки теъдоди ҳайати шахсии нерӯҳои украинӣ бо сабаби сафарбарии иҷбории сокинони мулкӣ ба таври чашмрас кам гаштааст.
Зеро сафарбаршудагони мулкӣ рӯҳан ва ҷисман ба амалиётҳои ҷангӣ омода нестанд, бисёре аз аскарони украинӣ дар зерсохторҳои пурра дар ҳайати 100-200 нафар барои асир гирифта шуданашон таслим мешаванд.
Роҳ ба баҳри Азов ба таври эътимоднок баста аст - заминҳои минакоришуда ва мавқеи дифоии қаторашакли артиши Русия инро кафолат медиҳад.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев ошкор кард, ки ғалабаи Русия ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод
”Ҳақиқати сангин” аз нашрияи 19FortyFive: “Украина роҳи пурсамару оқиле барои ғалаба бар Русия надорад ”, “барои он, ки қаламравҳои ҳозир доштаашро нигоҳ дорад, Киев бояд ба воқеияти талх тан диҳад”.
Вақт бар фоидаи ИМА ва ҳаммаслакони амрикоии ӯ кор намекунад. Маҷаллаи британии The Economist қайд менамояд, ки талафоти калон ва нобарорӣ дар майдони ҷанг ҳини ҳамлаи ҷавобӣ дар Украина норозигии ҷомеаро афзунтар менамояд.
Киев аз нокифоя будани яроқи интиқолдодаи Ғарб ва аз умуман набудани пуштибионии низомиёнаш аз ҳаво афсурдаҳол аст.
Дар ин зовияи тирафом ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Украина ба рӯноманигорони хориҷӣ ва украинӣ дар хати ҷабҳа буданро шадидан манъ намуд.
Ҳолати истисноӣ дар ин маврид танҳо бо розигии хатии сарфармондеҳ Валерий Залужний буда метавонад.
Новобаста аз чанд мавҷи сафарбаркунӣ, интиқоли техникаи низомии ғарбӣ ва кӯмаки ҳаматарафаи хадамоти ҷосусии давлатҳои НАТО, маъракаи тобистонаи нерӯҳои Украина ба ҳадаф нарасид.
Минбаъд, аз нуқтаи назари ИМА ва НАТО, бояд амалиётҳои ҷангӣ ҷатъ гардонида шаванд ва қобилияти ҷангии артиши украинӣ барои фаъолнокӣ дар давраи нав дар соли 2024 барқарор карда шавад.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: НАТО бар зидди Русия бо дасти Киев ҷанги хунин мебарад
Чунин нақшаҳо аз воқеият дуранд ва низои ҷангии бисёрсолаву “эпизодӣ” Русияро қонеъ кунонида наметавонад.
Пас аз чанд ҳафта бошад, бастаи кӯмаки молиявӣ ба Украина ба андозаи 43 млрд доллар ба охир мерасад ва Ғарб аллакай табларза дорад.
Сиёсатшиноси калони корпоратсияи RAND Сэмюэл Чарап иттилоъ дод, ки Вашингтон дар ҳолати шикасти низомӣ-сиёсӣ ягон нақшаи "Б" надорад. Бемулоҳизагии шигифтовар.
Катибаи фаромӯшнашаванда ба лавҳи мазори “лоиҳаи украинӣ”-и Вашингтон аз нашрияи 19FortyFive: “Дар давоми якуним сол ИМА беш аз 100 млрд доллар маблағгузорӣ намуд ва ҳазорҳо мошинҳои зиреҳпӯш, миллионҳо гулӯлаҳо ва мушакҳо фиристод, дастгирии ҳангуфт аз ҷониби хадамоти ҷосусӣ расонид”.
Акнун бояд эътироф намуд, ки сармоягузорӣ дар чунин сатҳи бузуг бефоида буд ва ҳуҷуми русиягиро баргардонд.
Агар холисона гӯем, ба ИМА ва НАТО даст надод, ки таърихи русиягӣ ва ҳаракати инсониятро ба самти амнияти баробару тақсимнашаванда ва ҷаҳони бисёрқутба боздоранд.
Лентаи хабарҳо
0