Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ғарб Украинаро чун дар сенарияи афғонӣ раҳо карданист

© AP / Michal DyjukУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Обуна шудан
Давлати Украинаро амрикоиҳо бо услуби классикии худ ба ҳолаш раҳо мекунанд. Ахиран онҳо ба ҳамин монанд парвандаи афғониро баста буданд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik, Виктория Никифорова. Агентии Рейтер, ки ба тавсифи артиши русиягӣ майл надорад, пешрафти бомуваффақияти қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар шимолу шарқи Украина амалан дар сабки Левитан тасвир кард: “Ҳайати калони қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ноҳиящои Купянск ва Лиман ҳамла карда истодааст <...>".
Қариб дар як вақт, New York Times дар маводи худ аз фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Украина Александр Сирский иқтибос овард, ки эътироф намудааст, ки "воҳидҳои душман бо ёрии артиллерия, миномётҳо ва авиатсия расонидани зарарро идома дода истодааст" ва талаб намуд, ки ба таври оҷилӣ мудофиаи шимолу шарқ мустаҳкам карда шавад.
Бояд гуфт, ки ин аз ҷониби Сирский - ин амал худ шӯриш аст, зеро нақшаи маккоронаи Пентагон ҳам ин буд, ки ҳамаи аскарони бо дасти дигарон ҷанг бурда истодаро ба ҷанубу шарқ ҷалб созад ва кӯшиши баҳри Азов ворид шуданро кунад.
Дар Пентагон, махсус аз норозигӣ бошад ё тасодуфан, пай ҳам набурданд, ки чунин гардишҳо қисми шимолу шарқии ҷабҳаи ҳазоркилометрии хати фронтро луч мемонад ва дар натиҷа ба артиши русиягӣ майдони фарохи имкониятҳо боз мегардад.
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Посухи Эрон дар бораи содироти паҳподҳои низомӣ ба Русия
Чунин ҳам шуд ва ҳоло хатмкардаи мактаби умумиҳарбии фармондеҳии Маскав Сирский метавонад ба хоҷагони амрикоашон ҳар қадар шикоят кунад ва аз хатогиҳои стратегии онҳо афсурда шавад.
Дар он ҷо даъвоҳои ӯро бо як ҳайрати сард истиқбол мегиранд.
Шигифтовар аст - то чӣ андоза оҳанги расонаҳои амрикоӣ, ки дар бораи ақибнишинии нерӯҳои украинӣ ҳисобот медиҳанд, тағйир ёфтааст.
Ҳанӯз соле қабл, дар ҳар як чунин машваратҳо бобати додани хумпораҳо ба артиши Украина ва барои якҷоя ба русҳо зарба задану онҳоро аз пой афтонидан даъват менамуданд.
Имрӯз бошад аз он оҳанги суханрониашон нишоне ҳам намондааст
Дар бораи муваффақиятҳои низомиёни русиягӣ ва шикасти украинимҳо хеле кӯтоҳ гуфта мегузаранд, тахлияи сокинониоҳияи Купянский қайд карда мешавад ва он ҷо дигар шиорҳои "Украинаро ҳимоя мекунем!”ва ё “Дар атрофи Украина муттаҳид мешавем!" ҷой надоранд.
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Махфӣ нест: Генерал-полковник силоҳи ҳастаии Русияро кафили амнияти Тоҷикистон низ хонд
Давлати Украинаро амрикоиҳо бо услуби классикии худ мерезанд. Ба наздикӣ — аз рӯи ченакҳои таърихӣ - онҳо ба ҳамин монанд парвандаи афғониро баста буданд.
Бисёрии ин тасодуфҳо бо он аҷибанд, ки айнан такрор мешаванд. Масалан, касе дигар дар ёд надорад, аммо хурӯҷи нерӯҳом ИМА аз Афғонистон низ дар пасманзари "ҳамлаи ҷавобӣ" сурат гирифта буд.
Бале, бале, дар моҳи октябри соли 2020, ҷанги бо дасти дигарон бурдаистодаи ИМА ба "ҳамлаи ҷавобӣ" ба толибони дар ҷануби он кившар ва дар вилояти Ҳилманд табдил ёфт.
Онҳо ҳатто бо ба даст овардани панҷ посгоҳ ба як қадар пешравиҳо муваффақ гаштанд.
Аммо амрикоиҳо аз эҳтиёт ба хурӯҷи нерӯҳои худ идома доданд ва аллакай моҳи майи соли 2021 толибон ба ҳамла рафтанд, ки бо забти Кобул ва парвозҳои машҳури шасси анҷом ёфт.
Дар рафти ин ҳамлаҳо, ақибнишинӣ ва ҳамлаҳои ҷавобӣ зуд аён гашт, ки машқҳо аз рӯи меъёрҳои НАТО ба нерӯҳои афғон як сари сӯзан ҳам кӯмак нарасониданд.
Ва фасод аз ҳад зиёд буд ва то он даме ки баъзеҳо кушта мешуданд, дигарон бехудона дуздӣ доштанд.
Упаковка вооружения США для отправки на Украину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия бори дигар аз НАТО қатъи маблағгузории Киевро талаб кард
Гӯё фармондеҳони амрикоӣ ҳамаи хатогиҳои имконпазирро содир намудаву қасдан ба артиши аз ҷониби онҳо ҷамъовардашуда имкон надоданд, ки пирӯз шавад.
Ва ба он муваффақ гаштанд, ки дар ҳарду тарафи ҷабҳа талафот хеле калон бошад: худи як ғояи амрикоиҳо барои маҷбур кардани низомиёни афғон барои ҳимояи фақат шаҳрҳо ва ин ҳам дар ҳоле, ки тамоми роҳу шоҳроҳҳои кишвар комилан аз муҳосира озод карда шуда буданд ва онҳоро барои толибон боз монда буданд.
Натиҷа ин шуд, ки ҳама айбро ба гардани якдигар бор карданд. Иштибоҳ бошад фақат якто буд.
Бисёре аз афғонҳо боварӣ доштанд, ки Вашингтон ба онҳо ҷиддӣ ва то абад часпидааст ва забткорони амрикоӣ барояшон тамаддуну шукуфоӣ меоранд.
Аммо ба истилогарон ин чиз лозим набуд. Ба онҳо лозим буд, ки афғонҳо афғонҳои дигарро кушанд - то ҳадди имкон бештар ва тӯлонитар.
Дар баробари ин, албатта, ҳама гуна амалҳои тиҷоратӣ гардон буданд, фақат як фурӯши мухаддир чӣ қадар барои амрикоиҳо маблағ овард.
Аммо моҳияти он дигар буд: муфлис кардани кишвар ва маҷбур кардани аҳолӣ ба қиркунии якдигар.
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Амалиёти вижаи низомӣ: Пешравии артиши Русия дар самти Купянск
"Иштибоҳҳои" зиёди фармондеҳони амрикоӣ маҳз ҳамин гуна шарҳ дода мешаванд. Дар асл бошад, барои онҳо байни нерӯҳои таъсисдодаашон ва толибон фарқе набуд.
Аммо, вақте ки зарурияти ба театри нави амалиёти ҷангии украинӣ гузаштан пеш омад, амрикоиҳо зуд он сӯи уқёнус кӯч бастанд.
Низомиёни артиши афғонӣ касе куҷое рост омад, фирор намуданд, аксарият дар Эрон маскун шуданд ва имрӯз он ҷо зиндагии қашшоқона доранду ба беақлии худро лаънат мехонанд.
Дирӯз дар Капитолий чун нишони мотам парчамҳо поён оварда шуда буданд - ба нишони мотами сенздаҳ сарбози амрикоӣ, ки ҳини тамошои ғароиб дар Кобул кушта шуда буданд.
Намояндагони режими амрикоӣ ба ин муносибат нутқи мувофиқ ҳам гуфтаанд.
Аммо ҳеҷ кас дар Амрико аз садҳо ҳазор ҷангиён ва мардуми осоиштаи Афғонистон, ки тӯли бист соли таҷовузи хунин кушта шуданд, ёд наовард ва ҳеҷ гоҳ ба ёд ҳам намеорад.
Дар Вашингтон нақша доштанд, ки барои Русия аз Украина Афғонистони дуюм созанд.
Уничтоженные позиции дивизиона ЗРК С-300 ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Барои чӣ С-300-ҳои украинӣ ба худиҳо зарба мезананд
Муваффақ шудан ба шикасти мо ва додани қаламравҳо, ба вуҷуд овоардани изтироб дар ҷомеаи мо ва дар идома - вайроншавии кишвар аз рӯи сенарияи пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ.
Аммо имрӯз ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Украина Афғонистони дуюм барои ИМА хоҳад буд.
Далели ин – ҳам муваффақиятҳои нерӯҳои мо, ҳам фасодкориҳои дохилиамрикоӣ дар атрофи нақшаҳои коррупсионӣ дар Украина ва ҳам оҳанги бармало дигаршудаистодаи ВАО-и ғарбӣ мебошад.
Таҷрибаи ҷангҳои бешумори ИМА нишон медиҳад, ки он ҷо давлатҳои бо дасти дигарон баҷангандохтаашонро мисли гурбаҳои озмоишии калламушҳоро сур мекарда дар ҳамон як тангкӯчаи пурпечу хам таъқиб доранд.
То ҳол ягон калламуш аз таъқиби онҳо ҷон ба саломат набурдааст. Ҳайҳот, ки ин дафъа миллионҳо украиниҳои оддӣ ба доми амрикоиҳо афтоданд.
Лентаи хабарҳо
0