Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вокуниши вазорати хориҷаи Русия ба ҳамалоти шабонаи Украина ба хоки Русия

© МИД РФОфициальный представитель МИД РФ Мария Захарова
Официальный представитель МИД РФ Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳар гуна ҳамлаи шабонаи низомиёни украинӣ алайҳи манотиқи Русия бидуни муҷозот нахоҳад монд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова зимни нишастӣ матбуотӣ бо рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ, ҳамалоти ахири Украина ба хоки Русияро маҳкум карда, гуфт ин ҳамлаҳо беҷавоб намемонанд.
"Иқдомоти режими Украина бидуни муҷозот нахоҳад монад. Сохторҳои муҷрии қонуни Русия дар ҳоли баррасӣ ва мустанадсозии дақиқи тамоми ҳақоиқи гулулаборони манотиқи Русияи тавассути шибҳинизомиёни Украинӣ ва ҳамчунин соири фаъолиятҳои ҷинояткорона онҳо ҳастанд", - гуфт хонум Захарова.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар тавзеҳи ҳамалоти 30 август гуфт, ки бидуни моҳвораҳои ғарбӣ, паҳподҳои украинӣ, ки дар қаламрави Русия парвоз мекунанд, наметавонанд бар чунин фосилаҳое ғалаба кунанд.
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина талош кард ба фурудгоҳи низомии вилояти Новгород зарба занад
Вай хотирнишон кард, ки ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бори дигари моҳияти террористии режими Киевро таъйид мекунад.
Ёдоварӣ мешавем, ки шаби гузашта 30 августи соли равон режими Киев ҳамалоти террористии паҳподӣ бар манотиқи мухталифи хоки Русия аз ҷумла Маскав ва атрофи шаҳр, минтақаи Псков, Севастопол анҷом доданд, ки ҳамаи онҳо тавассути системаи дифои ҳавоии Русия дафъ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0