Дар се сол дар Хатлон 260 хонавода ба ҷойҳои амн кӯчонида шудааст

© КҲФ-и ТоҷикистонКӯмак ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон
Кӯмак ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Обуна шудан
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз соли 2021 то ин ҷониб 265 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз мавзеъҳои хафнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур гуфтааст, ки 265 хонаводае, ки ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд, аз шаҳру ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Кӯлоб, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Қубодиён ва Кӯшониён мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои вай соли 2021-ум 84 оила, соли 2022-юм 88 оила аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуда ба онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст.
“Соли 2023 тибқи нақша 91 хоҷагие, ки барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф эҳтиёҷ доранд, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 91 хоҷагӣ хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистонро гирфита ва ба 83 хоҷагӣ дар ҷойҳои бехавф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст”, - қайд кардааст оқои Азизода.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд
Вай илова кард, ки дар мавриди 8 хоҷагии боқимондаи ноҳияи Данғара чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва дар муҳлати кутоҳ боқимонда заминҳои наздиҳавлиӣ тақсим карда мешаванд.
Ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ҳудуди вилояти Хатлон 315 мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо 156 ҳазору 504 аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табиии сел, ярҷ, лағжиш, обхезӣ, эрозияшавии замин ва балондшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст, гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Лентаи хабарҳо
0