Медали Вишневский ва сипоснома: ИДМ вазири тандурустии Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонТақдими медли Вишневский ва сипосномаи ИДМ ба вазири тандурурстӣ
Тақдими медли Вишневский ва сипосномаи ИДМ ба вазири тандурурстӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо медали Вишневский ва сипосномаи Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ИДМ қадрдонӣ шуд.
Маросими супурдани медал ва ҷоиза дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ сурат гирифт.
Манбаъ таъкид намудааст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд.
“Аснои тақдими Медал ва Сипоснома масъулини Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои баргузории ин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Ба Ҷамолиддин Абдуллозода медал доданд
Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти 30 солаи хеш инак бори нахуст Конгресси номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки Конгресси мазкур то санаи 6 октябр дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0