Беш аз нисфи нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон иҷро шуд

Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи рафти ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ гузориш дода, афзуд, ки дар назар аст, ҳудуди 430 ҳазор тон чида шавад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон миқдори пахтаи ҷамъоваригардида ҳисоб шуда, муайян гардидаст, ки аз нисф зиёди нақша иҷро шудаст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дақиқ гардидааст, ки то ҳол 52%-и нақшаи ҷамъоварии пахта амалӣ гардид.
Манбаъ афзуд, ки аз аввали мавсими пахтакорони кишвар, то ҳол қариб 223 ҳазор тонна "тилои сафед"-ро ҷамъ кардаанд.
"Аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳудуди 166 ҳазор тонна, дар Суғд 55 ҳазор тонна ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ беш аз 1,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст", - гуфтанд дар вазорат.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Ғолибони 20-рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачинӣ дар Суғд маълум шуданд
Таъкид мешавад, ки дар соли 2023 дар назди пахтакорон вазифа гузошта шудааст, ки 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.
Феълан дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаи густурдаи ҷамъоварии пахта идома дошта, мақомот талош доранд, ҳосили тилои сафедро бидуни талаф ғундоранд
Аз ҷумла мансабдорону ҳашарчиён низ дар рӯзҳои истироҳташон ба кумаки пахтачинҳо мераванд. Ин таҷриба дар тамоми шаҳру навоҳии пахтакори Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0