Дар Хоруғ парки технологӣ месозанд

© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБСобиқ корхонаи нон дар шаҳри Хоруғро ба парки технологӣ табдил доданиянд
Собиқ корхонаи нон дар шаҳри Хоруғро ба парки технологӣ табдил доданиянд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Минтақаи ҷадиди саноатӣ дар заминаи корхонаи бунёдгардида дар замони шӯравӣ, ки ба омода кардани нон машғул буду солҳои охир бекор, ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар заминаи собиқ заводи нони шаҳри Хоруғ минтақаи саноатӣ ва парки технологӣ таъсис дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, аз заводи мазкур, ки интизор меравад, ба минтақаи саноатӣ табдил дода шавад, раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот ва шаҳрдори Хоруғ, Ризо Назарзода боздид намуданд.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022 - 2026 солҳои рушди саноат роҳандозӣ гардид.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Истихроҷи беш аз 1 млн. тон ангишт дар вилояти Суғд
Таъкид шудааст, ки дар ҳудуди иншооти мазкур ба масоҳати 1,7 гектар замин сохтмони корхонаҳои саноатӣ оғоз карда мешавад.
Нахустин шуда, соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев дар заминаи минтақаи саноатии мазкур сохтмони корхонаи ҳасиббарориро оғоз менамояд, омадааст дар иттилоия.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон паркҳои технологӣ таъсис меёбанд.
Мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар ба маротиб зиёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0