Иштироки Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар UFC 294

© из личного архива Муина ГафуроваМуин Гафуров, архивное фото
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Обуна шудан
Ду варзишгари тоҷик дар як мусобиқа дар Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок хоҳанд кард. Дар он ҷо мусобиқаи навбатии UFC баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар яке аз маъруфтарин мусобиқаҳои муҳорибаи омехта дар шаҳри Абу-Дабӣ иштирок хоҳанд кард. Мусобиқаи UFC 294 21 октябр баргузор мешавад.
Муҳаммад Наимов дар вазни сабук (66 кг) бо варзишгари бритониёӣ Натаниэл Вуд қувваозмоӣ мекунад. Наимов 29 сол дорад, дар тӯли фаъолияташ дар риштаи муҳорибаи омехта 12 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 10-тоаш пирӯз шудааст. Рақиби ӯ Натаниел Вуд 30 сол дошта, 20 ғалаба ва 5 бохт дорад.
Варзишгари дигари тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC 294 бо размикори доғистонӣ Саид Нурмагомедов қувваозмоӣ мекунад.
Ғафуров дар 24 мусобика иштирок карда дар 19-тоаш ғолиб баромад. Рақиби навбатии ӯ Саид Нурмагомедов хоҳад буд, ки дар 21 бозӣ ҳамагӣ 3 маротиба мағлуб шудааст.
Коршиносон интизор доранд, ки ин мубориза барои Ғафуров душвор хоҳад буд. Ҳамин тавр, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон коршинос Комил Латипов дар бораи вижагиҳои набард нақл кард.
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Рақиби навбатии Ғафуров дар UFC маълум шуд
"Барои Ғафуров дар ин набард, бо назардошти он, ки ӯ дар UFC аввалин рақобати худро чӣ гуна анҷом додааст, хеле душвор хоҳад буд. Сипас мағлуб шуд ва ба назар мерасад, нақшаи бозии худро нодуруст сохтааст. Ин дафъа ӯ бояд оқилтар бошад", - қайд кард коршинос. .
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Ғафуров ба феҳристи асосии мусобиқаи UFC 294 шомил шуда, акнун дар ҷаҳони ММА ҷойи худро бигирад, ӯ бояд пирӯз шавад.
Коршинос дар бораи с тайёрии хеле хуби Наимов кайд намуд.
"Масалан, Наимов бо худи Ҷастин Гэтҷӣ, як размикори машҳури UFC муҳорибаҳои омӯзишӣ дошт Муҳаммад ба ин набард на дар толори варзишие, ки маъмулан машқ мекунад, балки дар кӯҳистон хуб омодагӣ дидааст. Дар ин мубориза сабр аз ҳама муҳим аст. Агар. Наимов метавонад ба фишори рақибаш тоб оварад, ӯ метавонад пирӯз шавад", - гуфт коршинос.
Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров моҳи майи соли ҷорӣ бо UFC шартнома имзо карданд.
Ҳарду варзишгар дар ин созмони маъруф дар риштаи муҳорибаҳои омехта рақобат карданд. Наимов дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC пирӯз шуд, аммо Ғафуров мағлуб шуд.
Лентаи хабарҳо
0