Аз қонунҳои ҷанг фаромӯш кардаед? Ба ёдатон меоранд

© AP / Fatima ShbairПалестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа
Палестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Дар Амрико мақолае дар бораи зарурияти риояи қоидаҳои ҷанг нашр шуд, вале оё ин қоидаҳо аз тарафи Амрико ва зертобеъонаш риоя хоҳанд шуд? Саволест, то ҳол беҷавоб.
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik, Дмитрий Косирев. Суханҳои аҷиберо дар ин мақола хондан мумкин аст: Исроил бояд қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро риоя кунад, инчунин бар асоси мулоҳизаҳои ахлоқӣ ва стратегӣ амал кунад. Агар риоя накунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Исроилро дастгирӣ нахоҳад кард.
Чӣ гап шудааст? Оё қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин масъала ҳанӯз вуҷуд доранд? Воқеаҳои солҳои охир нишон доданд, ки ин тавр нест.
Дар ҳамин ҳол як зани амрикоӣ, ки ба наздикӣ дар Созмони байналмиллалии "Дидбони ҳуқуқи башар" (Human Rights Watch) ба кор шурӯъ кард, шарҳ медиҳад: чунин қонунҳо вуҷуд доранд, Иёлоти Муттаҳида намехост, ки онҳоро риоя кунад.
Худи ташкилот (Human Rights Watch), агар ба таври мулоимтар иброз дорем, собиқаи мураккабе дорад. Аммо мушаххасан ин зан ва ин мақола дар Foreign Affairs як ҳодисаи алоҳида ва хубест. Даъват ба як сайри хеле гуворо ба таърих.
Хубиаш дар он аст, ки асосгузори қабули қонунҳои ҷанг дар ҳуқуқи байналмилалии муосир Русия мебошад. Ва шахсан подшоҳ Николай II. Ин як ҳикояи тӯлонӣ аст ва онро конфронсҳои Гаагаи солҳои 1899 ва 1907 меноманд. Маҳз Русия пешниҳод кард, ки ҳарду конфоронс баргузор шаванд, инчунин нақшаи рӯзномаро таҳия карда, дар ҳардуяшон намояндаи Русия раисӣ мекард.
Дар конфоронси аввал Конвенсия дар бораи қонунҳо ва расму оинҳои ҷанги заминӣ қабул карда шуд, дар дуюмаш ба таври ҷиддӣ тафовут байни иштирокчиёни ҷангӣ (комботант) ва ғайриҷанговар, ҳуқуқи аҳолӣ ба ҷанги партизанӣ, манъи истифода бурдани яроқ ва моддаҳое, ки боиси азобу уқубатҳои нодаркор мегарданд, мушаххас карда шуд. Бе зарурати ҳарбӣ нобуд ва забт кардани моликияти душман, куштани асирони ҳарбиро манъ карданд.
Ҳамчунин ғорат ва мусодираи моликияти хусусӣ манъ карда шуда, барои муҳофизат ва нигоҳ доштани ёдгориҳои маданӣ ва муассисаҳои тиббӣ даъват ба амал омад. Маҳз ҳамон вақт мафҳуми ҷинояти ҷангӣ - вайрон кардани худи қоидаҳои ҷанг ба вуҷуд омад.
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Ҳамос: Русия метавонад дар хатми ҷанг дар Ғазза нақши муҳим бозад
Бале, мо онро оғоз кардем. Гаага ҳамчун асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин самт ва конвенсияҳои баъдӣ ё қарорҳои минбаъдаи трибунали Нюрнберг аз ҳамон сарчашмаи аввалия бармеоянд.
Ҳамаи ин муқаррарот дар "Дастурамали Артиши Русия дар бораи қонунҳо ва одатҳои ҷанги хушкӣ" аз соли 1912, замима ба Оинномаи хидмати саҳроӣ шуданд.
Дар он ҷо мехонем, ки аскарон бояд ба ҳаёт ва шаъну шарафи сокинони тарафи душман, дину оинҳои эътиқодӣ эҳтиром гузоранд. Ва он, ки низомиёни маҷрӯҳ ва бемор новобаста аз мансубият ба кадом артиш аз майдони набард гирифта мешаванд. Ба асирон бояд инсондӯстона муносибат кард ва онҳоро мисоли аскарону афсарони артиши Русия бояд нигоҳ дошт.
Ҳангоми амалиёти ҷанг истифода бурдани яроҷи заҳрнок ё заҳролудшуда, захмдор кардан ё куштани душмане, ки аслиҳа партофта, таслим шудааст, ҳуҷум кардан ё бомбаборон кардани шаҳрҳо, қишлоқҳо, истиқоматгоҳҳо ва биноҳои аз тарафи душман ишғолнашуда манъ аст...
Ва ин дастурамал ҳоло ҳам кор мекунад! Дар солҳои охир Русия ду бор таъкид кард ва ба таври намоишӣ нишон дод, ки ҷанги замонавиро ҳам мувофиқи чунин қоидаҳои ҷанг бурдан мумкин аст.
Сурия: долонҳои башардӯстона барои тарки минтақаи ҷангӣ, даст кашидан аз ҳамла ба инфрасохтори ғайринизомӣ, технологияҳои гузаронидани гуфтушунидҳо ва ғайра.
Украина: ҳеҷ гуна ҳамла ба инфрасохтори ғайринизомӣ, беморхонаҳо ва иншооти фарҳангӣ, долонҳои башардӯстона, муносибати инсондӯстона бо маҳбусон.
Ин рафтори намунавии сарбози рус дар ҷанг барои баъзеҳо он қадар ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки (бо назардошти рафтори мо дар Сурия) як мошини таблиғотии амрикоӣ ва украинӣ пешакӣ таъсис дода шуд, ки аз рӯи принсипи яксаду ҳаштод дараҷа кор мекард - яъне фактхои реалиро гирифта, тамоман баръакс нишон медод.
Аэропорт сирийского Алеппо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Расонаҳо: Исроил ба ду фурудгоҳи Сурия ҳамла кард
Чаро аслан риояи асноди байнулмилалӣ аз тарафи мо таҳдид аст? Ин ҷо боз ба мақолае, ки бо он сӯҳбатро оғоз кардем, рӯй меорем. Аслан гап сари он аст, ки амрикоиҳо чӣ гуна амалиёти ҷангӣ мебаранд.
Дар ин ҷо инъикоси баръакси усулҳои қобили қабули ҷанг ё амалиёти зидди террористҳост. Маълум мешавад, ки барои амрикоиҳо ин корҳо мумкин будааст - Афғонистон, Ироқ, Сурия: бомбборон кардани Мосул ва Раққа, хароб кардани хонаҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтор.
Ҳамаи ин ва бисёр чизҳои дигар дар мақола оварда шудаанд, то бо ифтихор як далели аҷиберо ба ёд орем, ки ба он муаллифи мақола бо номи Сара Ягер алоқаманд аст.
Маълум шудааст, ки то HRW вай дар Пентагон ба ҳайси мушовири ҳуқуқи башар кор кардааст ва дар натиҷаи ин кор соли гузашта нақшаи амалиёт барои "кам кардани зарар" ба мардуми осоишта дар сурати сар задани ҷанг қабул шудааст.
Имсол санади қонунии наве қабул шуд, ки ба Департаменти давлатӣ имкон медиҳад, ки интиқоли силоҳ ба кишварҳоеро, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ ба мардуми осоишта зарар мерасонанд, манъ кунад. Ҳоло Сара мегӯяд, ки Исроил маҳз ҳолатест, ки ин ҳуҷҷатҳо бояд нисбаташ татбиқ карда шаванд.
Израильские военные около Ашкелона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Амалиёти заминӣ дар Ғазза мешавад ё на? Исроил дар интихоб миёни шикасту пирӯзӣ
Бале, аммо дар нисбати Украина чаро татбиқ нашаванд, ё барояш мумкин аст, ки тамоми қонунҳо, қоидаҳо ва конвенсияҳоро вайрон кунад?
Ё касе фикр мекунад, ки тасвири бардурӯғ ва баръакси рӯйдодҳоро бо саъю кӯшиши зиёд метавон ҳамеша дар воситаҳои ахбор нигоҳ дошт? Ё ки Штатхои Муттаҳида акнун мувофиқи қоидаҳо ҷанг мекунанд, вале барои зертобеъонаш ҳама чиз мумкин аст? Саволҳо, саволҳо....
Лентаи хабарҳо
0