Ба Роналду раводид лозим аст?: Шарҳи вазорат

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк Криштиану Роналду
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои футболбоз Криштиану Роналду дар ҳайати тими "Ан-Наср" раводид лозим нест
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Криштиану Роналду ҳамчун шаҳрванди Португалия ҳуқуқи воридшавӣ ба Тоҷикистон бидуни раводидро барои 30 рӯз дорад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар Шоҳин Самадӣ хабар дод.
ВУХ Таъкид кардааст, ки дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон (аз 26 октябри соли 2021) барои як қатор кишварҳо (52 давлат) низоми бераводид барои ворид шудан ба Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст.
Ба ҳамин хотир Криштиано Роналду метавонад бидуни раводид бо дастаи худ вориди Тоҷикистон шавад.
Вошедший в список самых красивых мужчин в мире журнала Nubia португальский футболист Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Ба хотири саломатӣ: Коршинос гуфт, чаро эҳтимол Роналду ба Душанбе намеояд?
Дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё, интизор меравад, ки тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон бо "Истиқлол"-и Душанбе зӯр озмояд. Мухлисон интизор доранд, ки Роналдо дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0