Миллионҳо сомонӣ ваъдаи корхонаи "Зарафшон" ба мунтахаби Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная по футболу Таджикистана
Сборная по футболу Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Обуна шудан
Дар маҷмуъ агар дастаи яккачини кишвар соҳиби Ҷоми қаҳрамонии футболи Осиё гардад, корхонаи заршӯӣ бар асоси ваъдааш 18 млн сомонӣ хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - “Зарафшон”, ки ба истихроҷи тило машғул аст, ваъдаи мукофотпулии ҳангуфте ба мунтахаби футболи Тоҷикистон додааст.
Ин корхона аллакай гуфтааст, ки ба яккачини кишвар барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 2 млн сомонӣ медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ин корхона гуфтааст, ки дар сурати роҳёбии тими миллӣ ба даври нимниҳоӣ – 3 млн сомонӣ, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 млн ва агар пирӯз гарданду Ҷоми Осиёро соҳиб шаванд, 8 млн сомонӣ хоҳад дод.
Дар ҷамъ агар яккачини кишвар соҳиби Ҷом гардад, корхона бар асоси ваъдааш 18 млн сомонӣ хоҳад дод.
Игорь Черевченко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2024
Ситоиши Черевченко ва Сёмин аз бурди Тоҷикистон: дар бозии баъдӣ ҳам пирӯз мешаванд
Маврид ба зикр аст, ки ахиран президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ, низ эълон кард, ки ба дастаи мунтахаби кишвар, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, мукофотпулӣ медиҳад.
Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, баъди баромадан аз гуруҳи худ, Рустам Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо намудааст.
“Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими АМА (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.
Инчунин президенти ФФТ ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Футбол, болоравии нархҳо ва сохтмонҳои калон: моҳи январ дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард.
Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад.
Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0