Рустами Эмомалӣ: Вохӯрӣ бо тими Урдун душвор хоҳад буд

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории ДушанбеВстреча Рустама Эмомали с футболистами сборной Таджикистана
Встреча Рустама Эмомали с футболистами сборной Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2024
Обуна шудан
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирии тими мунтахаби кишвар дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа қарор дорад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтан дастоварди бузурги тими миллии Тоҷикистон мебошад.
Ин нуктаро президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар остонаи бозии чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 зимни мулоқот бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллӣ баён дошт.
Вай ба даста барои футболи хубе, ки тим дар Ҷоми Осиё-2023 нишон медиҳад, изҳори сипос намуд.
"Бо баромади худ дар Ҷоми Осиё шумо дили миллионҳо мухлисонро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба даст овардед. Ҳоло ҳама ба дастаи мо мухлисӣ карда истодаанд", - гуфт ӯ.
Рустами Эмомалӣ дар баробари сипосгузорӣ барои натиҷаҳои шоён ва заҳматҳои зиёд, таъкид намуд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун вохӯрии душвор хоҳад дошт.
Дар бозӣ бароятон комёбӣ таманно дорам, гуфт Рустами Эмомалӣ дар хитоб ба миллипӯшон.
Сборная по футболу Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Миллионҳо сомонӣ ваъдаи корхонаи "Зарафшон" ба мунтахаби Тоҷикистон дар сурати пирӯзӣ
Ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа вориди майдон мешавад.
Бозӣ соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ тақрибан соати 16:30 бо вақти Душанбе оғоз шуда, онро ҳузуран беш аз садҳо ҳазор мухлиси тоҷик дар варзишгоҳ ва миллионҳои дигар тариқи телевизионҳо пайгирӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0