08:50 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Русия
Гирифтани линки кӯтоҳ
238731

Сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров, роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновскийро ба худнамоишдиҳӣ муттаҳам намуда, талаб кард, ки дар масъалаи дин худашро "пиар" накунад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Нофаҳмӣ миёни раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ва роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновкий пас аз куштори омӯзгори фаронсавӣ ва мудохилаи кишвардри Фаронса Эммануэл Макрон, сар зад.

Қодиров шаддидан амалкарди Макронро маҳкум намуда, ӯро дар тела задани мусалмонон ба қатлу одамкушӣ муттаҳам намуд.

Зимнан, Владимир Жириновский дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Владимир Соловев изҳор дошт, ки роҳбарони манотиқҳо бояд ба ин масъала сарукор нагиранд. Аммо Қодиров муқобили назари Жириновский баромада, гуфт "ӯ ҳақ надорад ба кори роҳбарони манотиқҳо мудохила кунад".

Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

"Жириновский ба худнамоишдиҳӣ машғул аст, аммо дар масъалаи дин набояд худро "пиар" кунад", - афзудааст Рамазон Қодиров.

Ҳамчунин, роҳбари Чеченистон аз Жириновский талаб намуд, ки дар рообита ба ҳамин гуфаҳои худ, расман аз ӯ узр пурсад.

Аммо Владимир Жириновский гуфт, ӯ Қодировро дар назар надошт ва пӯзиш ҳам аз ӯ нахоҳад пурсид.

"Ман бо ӯ ҳеҷ гуна сӯҳбате надоштам. Дар ҳама мусоҳибаҳоям дар бораи вазъи Туркия ва Қарабоғ ҳарф задам ва бо ӯ дар бораи чизе сӯҳбат накардам, ин нофаҳмӣ аст. Ман ҳеҷ чизро нафаҳмидам, ба касе муроҷиат накардам танҳо гуфтам, ки ба мавзӯи дину миллат набояд дахл кард. Ман ҳеҷ гоҳ Қодировро зикр накардам, дар ниҳоят, мо бисёр раҳбарони ҷумҳуриҳо дорем. Чаро ӯ инро ба дӯши худ мегирад, норӯшан аст " - гуфт Жириновский.

Жириновский таъкид кард, ки Русия як давлати дунявӣ аст ва масъалаи дин барои ҳама кори хусусӣ аст. Зимнан роҳбари ҲЛДР қайд кард, ки барои ибрози андеша кардан ва аз касе иҷозат намепурсад.

Барчаспҳо:
узрхоҳӣ, Владимир Жириновский, Рамазон Қодиров

Мавзӯъҳои асосӣ