08:10 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Президент ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Раисиҷумҳур фармон додааст, ки шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми март бо судури як фармон дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад, менависад сомонаи расмии президент.

Раисиҷумҳур фармон додааст, ки шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд.

"Моҳҳои апрел-майи соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон даъват шаванд", — омадааст дар фармон.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд тарғибу ташвиқ намоянд.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки масъулин зимни интихоби наваскарон дақиқкор бошанд.

"Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд", — фармон додааст президент.

Вазорати тандурустӣ муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.

Бино бар иттилои ғайри расмӣ, нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар як мавсим то 16 ҳазор наваскаронро дар бар мегирад. Бо вуҷуди даҳҳо ҳазор ҷавонони ба синни аскарӣ расида қисми зиёде аз хизмат дар сафи неруҳо сар кашӣ мекунанд. Ба таъйиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бадрафторӣ ба наваскарон аз ҷониби куҳнааскарон дар қисмҳои низомӣ яке аз омилҳои аслии хизматгурезии ҷавонон аст.

Барчаспҳо:
ҷавонони 18-сола, даъват, хизмати ҳарбӣ, Сарҳадбонӣ, ВКД, КДАМ, вазорати мудофиа, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ