09:50 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт дар Душанбе

Раҳмон Маркази муосири тавонбахшии "Ҳаёт"-ро дар Душанбе ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Дар саҳни ин марказ инчунин субҳи 6 декабр барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии мавсум "Ҳаёт"-ро ифтитоҳ намудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳ бахшидани иншооти давлатӣ. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии "Ҳаёт", ки зарфияти хидматрасонӣ дар давоми як шабонарӯз ба 2000 нафарро дорад, лоиҳакаши асосии он ҶСК "Меъморӣ ва шаҳрсозӣ" буда, пудратчии асосӣ ҶСП "Фароз" мебошад.

"Дар ошёнаҳои аз якум то панҷум тамоми шароит барои мардону занон муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якум унсурҳои беҳтарини ҳамомҳои финӣ, русӣ, туркӣ бо буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзи оби хунук ва ҳуҷраи барфӣ барои салқиншавӣ баъд аз баромадан аз буғхонаҳои дорои ҳарорати баланд, ҳавзҳои хурду калони зиёд барои шиноварӣ ҷойгир аст", — менависад манбаъ.

Новая чайхана в Гиссаре
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ошёнаҳои дигари маркази солимгардонию тавонбахшии "Ҳаёт" бо хизматрасонии сатҳи баланд толорҳои гуногуни масҳи бадан фитнес, саққозанӣ ё худ билярд, тенниси рӯи миз, толори махсус барои бозии электронии голф тавассути онлайн бозиҳои — 3Д голф ва ошхонаю зебою барҳаво бо хизматрасонии тарзи шведӣ ҷойгиранд.

"Оби дар ин марказ истифодашаванда зеризаминӣ буда, аз чуқурии 118 метр бо обкашҳои барқӣ кашида мешавад ва то ворид шудан ба ҳавзҳою ҳаммом ва дигар бахшҳои марказ аз 4 дараҷаи софкунӣ бо филтрҳои махсус гузаронда мешавад",, илова мекунад манбаъ.

 

Барчаспҳо:
софкунӣ, шведӣ, ҳаммом, ифтитоҳ, ҳавз, об, пойтахт, ҶСК "Меъморӣ ва шаҳрсозӣ", ҶСП "Фароз", Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт, Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Фирдавсӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ