12:48 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32710

Коршиносон қайд мекунанд, 1-уми август барои оғози соли таҳсил қулай аст,зеро дар ин ҳол хонандагон ба дарс аҳамияти бештар зоҳир мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Пешниҳоди гузаронидани оғози соли таҳсил ба моҳи август дар Тоҷикистон баҳси калонеро ба миён овард. Аз волидайн то коршиносон ин навгониро ба таври худ маънидод карданд.

Пешниҳод дар бораи тағийри вақти хониш  дар Пажӯишгоҳи рушди маорифи назди Академияи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо супориши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омӯхта мешавад, мегӯяд роҳбари пажӯишгоҳ Шарифмуроди Исрофилниё.

"Пешниҳоди мо танҳо мактабҳоро дарбар мегирад ва ҳоло аз ҷониби вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омӯхта мешавад",- гуфт ӯ.

Коршиносон қайд мекунанд, ки баъд аз омӯхтани ин масъала, ба хулоса омаданд, ки 1-уми август барои оғози соли таҳсил дар мактабҳо вақти қулай аст. Барои хонандагон бошад, воситаи дигари такмил додани дониши худ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи баҳодиҳии коршиносон ҳоло дар мактабҳо барои пурра омӯхтани барномаи дарсӣ 25%-и соатҳо намерасанд.

Ғайр аз ин дар ҳолати сар шудани таҳсил аз моҳи август, хатмкунандагон имконият пайдо мекунанд, ки ба имтиҳонҳои дохилшавӣ бештар тайёрӣ бинанд.

Коршинисон ҳамчунин қайд карданд, ки бештари хонандаҳои мактаҳои деҳот дар моҳи июн- июл ба водидонашон дар хоҷагӣ кумак мерасонанд ва наметавонанд дар вақташ ба имтиҳон тайёрӣ бинанд.

Чуноне ки дар Вазорати маориф қайд карданд, масъала ба маоши муаллимон низ дахл дорад.

"Дар як сол мо 56 рӯз таътил дорем. Лекин муаллимон моҳи август маош мегиранд, дар ҳоле, ки талабагон ба мактаб намеоянд",- илова намуд намояндаи вазорати маориф.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, коршиносон қайд мекунанд, ки бо бисёр шудани навгониҳо дар мактаб, сифати таълим паст мешавад ва дониши талабагон коста мегардад.

Ҳамин тавр, якчанд волидайн ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, саршавии мактаб аз моҳи август барояшон қулай нест.

Сабабашро онҳо дар ҳавои гарм, кор дар хоҷагӣ ва одат кардан ба низоми пештара ном доданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон дар бораи низоми маорифи Тоҷикистон сухан карда, онро аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бозмонда номид ва даъват намуд, ки дар низоми таҳсили мактабҳои  миёна тағийрот ворид карда шавад.  Ғайр аз ин, бо ибтиркори президент соли 2017- Соли ҷавонон эълон карда шуд.

Ба ҳамаи ин нигҳ накарда,  хонандагони тоҷик дар соли 2017 дар олимпиадаҳои кишварҳои хориҷ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд.

Дар вазорати маорифи ҷумҳурии Қирғиҳистон низ пешниҳоди монанд ба миён омад, танҳо фарқият дар он аст, ки дар Қирғизистон мехоҳанд, соли таҳсил аз моҳи октябр сар шавад. Онҳо, пеш аз ҳама қайд карданд, ки корҳои хоҷагии қишлоқ то моҳҳои сенттябр ва аввали октябр давом меёбад.

Мавзуъ

Вазорати маорифи ҶТ: оростани арча дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст
Таваҷҷуҳи ҳукумати ҶТ ба бахши маориф бештар мешавад
Барчаспҳо:
хонандагон, мактаб, таҳсил, Вазорати маориф, Шарифмурод Исрофилниё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ