17:53 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон: ҳангоми таъсиси Артиши миллӣ як генерал ҳам надоштем

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ ба ғайрату далерии афсарону сарбозони тоҷик боварӣ дорад ва бо онҳо ифтихор мекунад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон ширкат  ва суханронӣ кард.

Раисҷумҳур ёдрас шуд, ки фармони таъсисёбии  Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ 18 декабри соли 1992 дар рӯзҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ба имзо расида буд.

"Ҷангу нооромӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, озуқаворӣ, сару либос ва муҳимтар аз ҳама, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз ҳар лаҳза эҳсос мешуданд",- қайд кард кишвардор.

Праздничный дастархан
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Ба гуфти ӯ, 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони Тоҷикистон доир гардидааст.

То имрӯз муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро қариб 5000 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро беш аз 600 нафар ҷавонони кишвар  хатм кардаанд. Ҳоло 80 фоизи афсароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

"Дар робита ба масъалаи тарбияи кадрҳо мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон созам, ки ҳангоми таъсис додани Артиши миллӣ мо як нафар ҳам генерал надоштем", — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар зарфи беш аз бисту панҷ сол даҳҳо нафар афсарон — кадрҳои миллӣ бо чунин унвони олии ҳарбӣ сарфароз гардиданд ва ҳоло 45 нафари онҳо дар вазифаҳои фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ кор карда истодаанд, афзуд ӯ.

Ҳамчунин раисҷумҳур изҳор дошт, ки иҷрои талаботи оинномаҳои ҳарбиро нисбат ба афсарон, алалхусус, дар самти кор бо наваскарон пурзӯр карда шавад.

Дар анҷом раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳар як ҷузъу томҳои низомӣ қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро риоя кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ӯ аз далериву матонатӣ афсарону аскарони тоҷик ифтихор мекунад.

"Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам",- изҳор дошт кишвардор.

Барчаспҳо:
генерал, Артиши миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ