04:34 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон: борҳо занони тоҷикро "нигини пурҷилои тоҷи миллат" гуфтаам

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10910

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи модарон табрик гуфт.

"Фарорасии фасли зебои сол — баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям",- омадааст дар матни табрикотии раисҷумҳур.

Раисҷумҳур гуфт, зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ аст.

"Нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад",- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Кишвардори Тоҷикистон ёдовар шуд, ки модари тоҷик дар тӯли таърих фарзандони нобиғаву солеҳ ва хирадманду ватанпарварро ба дунё ёвардааст.

"Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад",- мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.

Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо "нигини пурҷилои тоҷи миллат" гуфтаам, афзуд раисҷумҳур.

Раҳмон ёдовар шуд, ки имрӯз дар фаъолияту ҳаёти бонувони кишвар мушкилиҳои гуногун низ вуҷуд дорад, ки ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ карда истодааст.
Дар охир кишвардор изҳори умедворӣ кард, ки занони Тоҷикистон дар амалӣ кардани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлат саҳми худро хоҳанд гузошт.

Барчаспҳо:
табрикот, зан, таҷлил, ҷашн, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ